Баррасии масоили қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқтатбиқнамоӣ дар Тоҷикистон
Иҷрои санади судӣ зинаи охири истеҳсолоти судӣ ба ҳисоб меравад, чун маҳз дар ҳамин вақт ҳифзи воқеии ҳуқуқи поймолшуда ё баҳсшаванда ба амал меояд. Ва муҳим аз ҳама, боварии шаҳрвандон оид ба самаранокии системаи судӣ ва адолати судӣ, аз татбиқи сифати иҷрои ҳукми судӣ вобаста аст.
Дар мизи мудавваре, ки санаи 25 октябри соли ҷорӣ ташкилоти ҷамъиятии “Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон” дар шаҳри Душанбе баргузор намуд, масъалаҳои истеҳсолоти иҷро: қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқтатбиқнамоӣ оид ба санадҳои судӣ аз рӯи парвандаҳои оилавӣ, баррасӣ шуданд.
Мутобиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мурофиаи ҳифзи ҳуқуқ иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии қарорҳои суд, меъёрҳо ва фармонҳо, инчунин дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонун ва қарорҳои мақомоти босалоҳият, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ба шумор меравад. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқие мебошад, ки масъалаҳои иҷрои санадҳои судиро, аз ҷумла дар мурофиаҳои шаҳрвандӣ ва маъмурӣ низ, танзим мекунад. Аммо, сарфи назар аз мавҷуд будани заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ҳолати системаи иҷрои санадҳои судиро дар Тоҷикистон, дар маҷмуъ, қаноатбахш гуфтан наметавон.
Тоҳир Қодирзода, раиси Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми суханронӣ дар мизи гирд қайд кард, ки дар таҷрибаи амалии судӣ вобаста ба иҷроиши санадҳои судӣ баъзе мушкилот, аз қабили рўёнидани алимент, масъалаи маскун намудан, ки ба парвандаҳои оилавӣ вобастагӣ доранд, инчунин саривақт рўёнидани маблағҳои қарзие, ки бо ҳалномаҳои судӣ бароварда мешаванд, мавҷуданд.
Тавре дар вохӯрӣ зикр гардид, таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки дар самти иҷрои истеҳсолоти судӣ мушкилоти зиёд мавҷуданд ва набудани системаи самараноки иҷрои санадҳои судӣ натанҳо паёмади манфии ҳуқуқӣ дорад, балки боиси зиёд шудани омилҳои беҳурматӣ нисбат ба қонун ва суд шуда, сабаби нодида гирифтани ҳуқуқҳои шаҳрвандию оилавӣ худ ва дигар вазифаҳои муқаррарнамудаи қонун мегардад.
Тавре гуфта мешавад, мизи гирд дар доираи лоиҳаи “Мусоидат ба дастрасии адолати судӣ барои гурӯҳҳои осебпазир тавассути такмили қонунгузорӣ дар Тоҷикистон” бо маблағгузории Барномаи рушди СММ баргузор шуда, дар доираи он таҳқиқи қонунгузорӣ ва амалия оид ба иҷрои қарорҳои судӣ дар Тоҷикистон гузаронида шудааст, ки он барои мусоидат намудан ба дастрасии адолати судӣ барои гурӯҳҳои осебпазир тариқи такмили қонунгузорӣ ва дар амалияи иҷро намудани қарорҳои судиро дар Тоҷикистон равона шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |