Сироҷиддин Аслов: Тоҷикистону Туркия дар аксари масъалаҳо мавқеи ҳамсон доранд (АКС)

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз Душанбе ва Анқара оид ба аксари масъалаҳои муҳими сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи ҳамсон ё монанд доранд. Ин нуктаро Сироҷиддин Аслов шоми 28 октябр дар маросими таҷлил аз 93-юмин солгарди истиқлоли Туркия иброз дошт.
Оқои Аслов дар ин маросим, ки Сафорати Туркия дар Душанбе онро созмон дод, таъкид намуд, “мардумони ду кишвари бародари моро арзишҳои муштараки маънавӣ ва қадимулайём ба ҳам пайвастаанд ва дар ин замина мо талош меварзем, ки ҳамкорҳои судманди Тоҷикистону Туркия ба нафъи шукуфоӣ ва сулҳу амнияти кишварҳоямон беш аз пеш тавсеа ёбанд”.
Ӯ ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратиро самти муҳими ҳамкориҳои ду кишвар арзёбӣ кард.
Алӣ Рифат Куксал, сафири тозатаъини Туркия дар Тоҷикистон дар ин маросим гуфт, Туркияву Тоҷикистон, ки мероси ягонаи фарҳангӣ ва робитаҳои таърихии муштарак доранд, дар даврони истиқлол муносибатҳоро дар тамоми бахшҳо тавсеа доданд: “Дар солҳои 2009-2014 ширкатҳои туркӣ ба соҳаҳои гуногун беш аз 150 миллион доллар сармоягузорӣ кардаанд. Танҳо дар соли 2015 сармоягузории Туркия дар Тоҷикистон 50 миллион доллар афзуд. Ҳоло аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии туркӣ дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 600 миллион доллар созишномаҳо баста шудаанд”.
Ба гуфтаи сафир, Туркия аз назари ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо 360 миллион доллар ҷойи чор ва аз лиҳози содирот бо 200 миллион доллар ҷойи аввалро касб мекунад: “Мо аз ин рақамҳо пурра қаноатманд нестем, чунки онҳо иқтидори ҳақиқиро таҷассум намекунанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |