Пажуҳиши кӣ сахитар: Тоҷикон, узбакҳо, туркманҳо ё...?
Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии хайру саховаматмандӣ дар соли 2016 миёни 145 кишвари дунё мақоми 84-умро гирифтааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 11 зина поин мебошад.
Дар ин бора созмони хайриявии бритониёӣ “Charity Aid Foundation” иттилоъ дода, афзудааст, ки Тоҷикистон соли 2015 дар мақоми 73-юм ва соли 2014 миёни 135 кишвар дар мақоми 34-ум қарор дошт. Пажуҳиш бо назардошти се нишондод- саҳм дар ташкилотҳои хайриявӣ, кор ба ҳайси волонтёр ва кӯмак ба ашхоси ношинос таҳия шудааст.
Тибқи раддабандии ҷадид, ки бар асоси пурсиши ширкати Gallup дар 145 кишвари ҷаҳон, таҳия гаштааст, миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ сокинони Узбакистон аз ҳама сахитару хайрхоҳтаранд. Узбакистон дар ин раддабандӣ дар зинаи 11-ум, Туркманистон дар ҷойи 14, Қирғизистон дар мақоми 34 ва Қазоқистон бошад дар ҷойи 96-ум қарор гирифтааст.
Кишварҳои Маянма, ИМА, Австралия, Зеландияи Нав, Шри-Ланка, Канада, Индонезия, Бритониё, Ирландия ва Амороти Муттаҳидаи Араб ба даҳгонаи кишварҳои саховатмандтарин ва Фаластин, Яман, Юнон, Чин ба феҳрасти кишварҳои хасистарин шомил шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |