Парвандаи ҷиноӣ алайҳи 7 фурӯшандаи бозичаҳои зараррасон дар Корвон
Додситонии кулли Тоҷикистон дар бозори Корвон 15 нуқтаи фурӯши бозичаҳои кӯдаконаи барои саломатӣ зарароварро ошкор кардааст.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, масъулини додситонӣ фурӯши бозичаҳоро дар бозорҳои “Корвон”, “Саховат”, марказҳои савдои “Ашан”, “Беби-шоп” ва “Садбарг” мавриди санҷиш қарор доданд: “Дар бозори Корвон 15 нуқтаҳои фурӯши бозичаҳои гуногуни кӯдакона фаъолият менамоянд. Ҳангоми санҷиш соҳибкорон вобаста ба бозичаҳои ба фурӯш баровардаашон ҳуҷҷатҳои гумрукӣ ва сертификатҳои мутобиқати сифат пешниҳод карда натавонистанд”.
Манбаъ афзуд, масъулини додситонӣ намунаи бозичаҳоро гирифта, барои ташхис ба Маркази стандартизатсияи Тоҷикистон ирсол кард: “Мувофиқи хулосаи ташхис бозичаҳои пешниҳоднамуда ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯй набуда, он ба саломатии кӯдакон зараровар мебошад”.
Додситонии кул илова намуд, ки дар натиҷаи санҷиш ду ҳолати қочоқ ва 13 ҳолати фурӯши молу маҳсулоти пастсифат ошкор шуда, нисбати 7 соҳибкор, ки ба фурӯши бозичаҳои пастсифат машғул буданд парвандаҳои ҷиноӣ боз шуданд: “Парванда алайҳи соҳибкорони инфиродӣ бо моддаҳои 209 – “истеҳсол, нигоҳ доштан, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар додани мол, маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавоб намедиҳад”, моддаи 294-“фиреби истеъмолкунандагон” ва моддаи 32-“сӯиқасди ҷиноят” боз шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор доранд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |