Раҳоии ронандаи дармондаи тоҷик аз ағбаи Октоғ (АКС)
Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон мошини боркаши ронандаҳои тоҷикро, ки дар ағбаи “Октоғ”-и роҳи Бишкек-Ош дармонда буд, берун баровардааст.
Тибқи иттилоияи ин ниҳод наҷотдиҳандагони қирғиз тавонистаанд, бо мошини борбардор ва барфрӯбҳо мошини дармондаи ронандаи тоҷикро, бе холӣ кардани бораш ба роҳ бароранд. Маҳмуд Юнусов, ронандаи тоҷик, ки аз Русия ба Тоҷикистон равона будааст, беш аз 10 рӯзро дар мошинаш дар ағба гузаронд.
Қаблан Нозгул Сидиқбекова, раҳбари бахши ВҲФ дар вилояти Талас гуфт, ронандаҳои тоҷик пешниҳоди холӣ кардани борро рад намуданд: “Намехоҳанд муҳрҳо канда шаванд, зеро эҳтимоли шикастани борашон вуҷуд дорад. Инчунин пешниҳоди ҷойи хобу ғизои гармро рад кардаанд”.
Маҳмуд Юнусов, ронандаи тоҷик охири ҳафтаи гузашта ба хабарнигорон шикоят кард, ки мошини боркаши ӯ дар Қирғизистон аз роҳ берун шуда, аммо касе ёрӣ намерасонад. Юнусов, ронандаи ширкати “Сорбон АзТранс” гуфта буд, ки “бо вуҷуди сардӣ ва гуруснагӣ наметавонад мошин ва бори онро “партофта” биравад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |