Садамаи маргбори судяи Додгоҳи Шаҳритус бо “Тойота-Камри”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як садамаи маргбор бо иштироки Файзиддин Сафаров, судяи Додгоҳи ноҳияи Шаҳритус хабар дод.
Аз ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, ин ҳодиса тахминан соатҳои 22:15-и 25 октябр дар вилояти Хатлон ба вуқӯъ пайвастааст: “Ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Камри”, рақами қайди давлатиаш 0008ВЕ03, Сафаров Файзиддин (таваллудаш 1983), судяи Суди ноҳияи Шаҳритус, сокини ҳамин ноҳия, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи мазкур ба самти ноҳияи Қубодиён дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Н.Хусрав, деҳаи Баҳористон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Назаров Рустам Раҳимович (соли таваллудаш 1965), сокини деҳаи мазкурро пахш намудааст”.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа пиёдагард дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |