Муноқишаи хонандаҳо дар мактаб бо кордзанӣ анҷомид
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти 4 хонандаи яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар муноқиша ва кордзанӣ муттаҳам мешаванд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ин хонандаҳои мактаб 16-17 сол дошта, рӯзи 27 октябр, тахминан соати 10:30 дар дохили мактаб “аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ҳамдигарро латту кӯб кардаанд”.
Манбаъ мегӯяд, яке аз ин хонандаҳо бо корди дар дасташ буда, 2 маротиба ба пойи хонандаи дигар задааст: “Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст”.
Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, ҳоло нисбати хонандаҳо бо гумони авбошӣ ва вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |