Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари душанбегии САҲА иттилоъ доданд,Дуня Миятович, намояндаи ин созмон аз мубтакирони асосии ҳамойиш маҳсуб гардида, дар конфронс ширкати беш аз 100 нафар рӯзноманигору намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, вакилони парлумон, коршиносони соҳа дар назар аст.
Манбаъ афзуд, зимни нишаст масоили марбут ба озодии баёну гуногунандешӣ ва идораи Интернет баррасӣ мегардад. Меҳвари аслии конфронс низ, мавқеъи Интернет дар рушди чандандешӣ дар минтақаи САҲА ва Осиёи Марказӣ унвон мешавад. Гуфтанист, таваҷҷӯҳи ширкатдорони нишаст ба масоили: рушди Интернет-омили озодии баён, дастрасӣ ба Интернет, танзими мӯҳтавои он ва иҷозаи фаъолияти кор бо васоили шабакавии интернет унвон мегардад.
Ҳамзамон, дар рафти ҳамойиш Дуня Миятович,намояндаи вижаи САҲА дар умури ВАО гузориши худро дар бораи озодии баён дар Интернет ироа карда, Андрей Ритер, сарвари намояндагии САҲА мавзӯъи гузариш ба пахши барномаҳои ададиро пешкаши коршиносони соҳа мегардонад.
Мӯҳр« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |