3 мурғ ва 13 кабутари Тоҷикистонро ба Русия роҳ надоданд
Намояндагони “Росселхознадзор” дар фурудгоҳи “Домодедово” 3 мурғ ва 13 кабутарро аз Тоҷикистон ба Русия роҳ надоданд.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ин паррандаҳоро мусофири ҳавопаймое, ки аз Тоҷикистон парвоз кардааст, тавассути борхалтаи дастӣ ва бағоҷ интиқол додааст. Масъулини “Росселхознадзор” гуфтаанд, талош шуда, то ин паррандаҳоро бо вайрон кардани талаботи байторию санитарии Иттиҳоди гумрукӣ ва қонунгузории байтории Русия тариқи қочоқ ворид созанд. Манбаъ мегӯяд, паррандаҳо дубора ба Тоҷикистон фиристода шуданд.
Ин нахустин ҳолати депорти паррандаҳо аз Русия ба Тоҷикистон нест. Чанд моҳ пеш Раёсати “Росселхознадзор” дар вилояти Новосибирск як маротиба чор кабутар ва маротибаи дигар ду кабутареро ки аз Тоҷикистон ба ин вилоят оварда шудаанд, бозпас фиристода буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |