Ангуштони қаҳрамони асари Садриддин Айниро кӣ бурид? (АКС)
Ангуштони дасти яке аз ҳайкалҳои назди бинои маъруф ба “Садбарг” дар Душанбе ҳанӯз дуруст нашудаанд.
Бино ба иттилои шоҳидон ду ангушти дасти яке аз образҳои асарҳои Садриддин Айнӣ, қаҳрамони Тоҷикистон ва асосгузори адабиёти шӯравии тоҷик, ки ҳамроҳ бо ҳайкали ӯ дар чороҳаи кӯчаи С.Айнӣ ва Рӯдакӣ воқеанд, тақрибан як сол қабл аз сӯи афроди номаълум бурда шудаанд.
Камолиддини Қиёмиддин, донишҷӯи Донишгоҳи милли Тоҷикистон мегӯяд, ангуштони буридаи қаҳрамони асараҳои устод Айнӣ воқеан инсонро хиҷолат зада мекунад. “Ин ҳайкалҳо бозгӯи замони зиндагӣ устод мебошад. Агар як сайёҳ вориди шаҳр шавад, ҳатман аз ин муҷасамаҳо диданд мекунад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда масъулини ин ҷойҳо аҳамият намедиҳанд. Барои ду ангушти бурида чӣ қадар масолеҳ истифода мешуда бошад? Ё ин ки буҷаашон барои таъмир ду ангушт кифоят намекунад?”,-cуол мегузорад ӯ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |