Сафири Узбакистон: Содасозии "виза" бо Тоҷикистон баррасӣ мешавад
Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон, мегӯяд, масъулини ду кишвар моҳи оянда содасозии низоми раводид миёни ду кишварро баррасӣ хоҳанд кард.
Шоҳисломов 25-уми октябр зимни як ҳамоиш дар Душанбе гуфт, содасозии низоми раводид ва рафтуомади осони сокинони наздисарҳадии Тоҷикистону Узбакистон дар назар аст, ки миёнаи моҳи ноябр дар Тошканд баррасӣ шавад.
Низоми раводид миёни Тоҷикистону Узбакистон соли 2000-ум бо баҳонаи ҷилавгирӣ аз вуруди ҷангҷӯёни “Ҳаракати исломии Узбакистон” роҳандозӣ шуд.
Сафири Узбакистон бо ишора ба эҳтимоли вуруди ҷангиёни мустақар дар Афғонистон тариқи қаламрави Тоҷикистон ба кишвараш афзуд, агар эътимод ҳосил шавад, ки хатари вуруди ҷангиён тариқи қаламрави Тоҷикистон ба Узбакистон вуҷуд надорад, содасозии низоми раводид мусбат ҳал хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |