Суоли Ғаффоров аз раиси Бонки Миллӣ: Чаро бонкҳо пули мардумро намедиҳанд?
Вазъи ногувори бонкҳо ва мушкили мардум зимни гирифтани маблағҳояшон имрӯз дар парлумон миёни вакилон ва Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон баҳс барангехт.
Нурмуҳаммадзода, имрӯз, 26-уми октябр зимни муаррифии лоиҳаи қонуни Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” гуфт, лоиҳаи мазкур низоми интиқоли маблағҳо ва шаффофияти онро ба танзим медарорад.
Рустам Қудратов, вакили парлумон яке аз меъёрҳои қонуни мазкурро як навъ маҳдудсозӣ хонд. Ӯ гуфт, бар асоси лоиҳа муштарӣ наметавонад тариқи бонкҳо аз ду ҳазор сомонӣ зиёд ирсол кунад, дар ҳолате, ки шахсияти ӯ маълум набошаду дақиқ нашуда бошад, ки ӯ ягон ҷинояткор нест. Ин вакили парлумон гуфт, шумо баъзе ваколатҳои Кумитаи амнияти миллиро ба Бонки Миллӣ дода истодаед. Ӯ суол гузошт, ки чӣ гуна Бонки Миллӣ ин қадар муштариро месанҷед, ки ҷинояткор нестанду маблағашон барои терроризму ҷинояткорӣ равона нашудааст. Қудратов бо зикри мушкилиҳое, ки имрӯз низоми бонкӣ барои мардум эҷод кардааст, пешниҳод намуд, ки шояд дар ин шабу рӯзҳо ин меъёр зарур набошад.
Аммо Нурмуҳаммадзода гуфт, ин меъёр мушкилзо нест, зеро хеле каманд ҳолатҳое, ки дар мавриди шахсияти мизоҷ шубҳа пайдо шавад. Дар баробари раиси Бонки Миллӣ инчунин Шариф Раҳимзода, вакили парлумон ва Маҳмадалӣ Ватанзода, намояндаи Президент дар парлумон низ аз ин меъёр ҳимоят карданд. Шариф Раҳимзода гуфт ин ҷо гап сари муҳоҷирони меҳнатӣ нест, “гап сари маблағҳои калон ва муштариёне меравад, ки мавриди шубҳа қарор мегиранд”.
Абдуҳалим Ғаффоров, вакили парлумон, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон аз Ҷамшед Нурмуҳаммадзода суол кард, ки чаро бонкҳои Тоҷикистон дар ҳолати ногувор қарор доранду мардум наметавонанд пулҳояшонро аз бонкҳо бигиранд?
Раиси Бонки Миллӣ ин ҳолатро эътироф карда, афзуд, ки тайи як сол ҳудуди ҳазор нафар ба Бонки Миллӣ барои мушкили гирифтани маблағҳояшон аз бонкҳо ва сатҳи пасти хизматрасонӣ шикоят кардаанд: “Гуруҳи корӣ се моҳ боз дар ин масъала кор карда истодааст ва мо пешниҳодҳои худро ба ҳукумат ироа мекунем. Ин ба буҳрони ҷаҳонӣ марбут аст, дар бисёри кишварҳо ин мушкил ҷой дорад”.
Аммо як вакили парлумон аз раиси Бонки Миллии Тоҷикистон шарҳи бештари масъалаи пардохти маблағҳо ва фаъолияти низоми бонкиро талаб карда, таъкид намуд, ки “посухҳои шумо моро қаноатманд накарда истодаанд”.
Дар пайи ин Зуҳуров ба баҳс дахолат карда, дар хитоб ба вакилон гуфт, “фикр карда гап занед”. Раиси Маҷлиси намояндагон ба раиси Бонки Миллӣ муроҷиат намуда, гуфт, вақтҳои охир шикоят дар мавриди бонкҳо афзоиш ёфтаанд ва шумо ҳам ташвиши вакилонро фаҳмед.
Дар пайи ин баҳсҳо вакилони парлумон қонун “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”-ро бетағйир қабул намуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |