Баъди қонуни Пешво: Қонун дар бораи Президент ҳам нав шуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 26-уми октябр дар пайи қабули қонун дар бораи Пешвои Миллат, қонуни нав дар бораи Президенти Тоҷикистонро низ ба тасвиб расонданд.
Қонуни нави марбут ба Президент, ки Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Тоҷикистон” ном дорад, аз 14 моддаю муқаддима иборат мебошад.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, қонун дар бораи Президент ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта қабул шуда буд ва дар шакли нав ба он баъзе тағйирот ворид шудааст.
Ӯ ҷузъиёти тағйироти нав ба қонун дар бораи Президентро шарҳ надод, аммо бо ишора ба фарқи қонуни мазкур аз қонун дар бораи Пешво гуфт, “ба маълумоти шумо мерасонам, ки ин қонун дар бораи шахсият нест, дар бораи мақом, дар бораи мансаби президентӣ аст, ки ҳанӯз солҳои 90-ум қабул шуду дар таҳрири нав ба он баъзе иловаҳо ворид гардид”.
“Озодагон” бо дастрас шудани иттилоъ дар мавриди тағйироти нав ба қонун дар бораи Президент онро дар зудтарин фурсат пешниҳоди хонандаҳо хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |