АКС: Ҳоли паноҳҷӯёни тоҷик дар Аврупо
Мирзои Салимпур, рӯзноманигори маъруфи тоҷик ҳафтаи гузашта аз ҳоли паноҳҷӯёни тоҷик дар Аврупо хабар гирифтааст.
Ӯ дар ин бора дар саҳифаи фейсбукияш хабар дода, афзуд, ки ҳоло дар ин кишвари Аврупо тақрибан ягон урдугоҳи паноҳандагон намонда, ки дар он хонаводае аз Тоҷикистон набошад: “Дар байни онҳо намояндагони касбу пешаҳои гуногун, аз ҷумла чандин ҳамкасби журналисти ман ҳам ҳастанд”.
Салимпур дар як урдугоҳ дар канори шаҳри Дортмунд, меҳмони манзили муваққати як хонаводаи паноҳҷӯёни тоҷик шуда, шароити зисташонро чунин тасвир кардааст: “Ин хонавода дар бошишгоҳи муваққате, ки барои 4 хонавода бино кардаанд, дар канори хонаводаҳои паноҳҷӯ аз Сурия ва Афғонистон ба сар мебарад. Барои онҳо, ки бо се фарзанди худ ба ин ҷо паноҳ овардаанд, дар ин бошишгоҳ се ҳуҷра ҷудо кардаанд. Ҳаммому таҳоратхона, ҳуҷраи ҷомашӯӣ ва ошхона барои 4 хонавода муштарак аст. Ҷавони тоҷик гуфт, дар давраҳои дарсие ки барои паноҳҷӯён дуруст кардаанд, алакай ба немисӣ балад шудааст ва ҳатто барои паноҳҷӯёни дигар тарҷумонӣ ҳам мекунад. Ӯ ҳамчунин гуфт, фарзандонаш инҷо алакай мактаб мераванд ва ба немисӣ таҳсил мекунанд. Аммо дар расмҳое ки кӯдакони ӯ мекашанд, бештар сурати хонаву ҳавлиро мебинем. Хонаву дари доимие ки ин хонавода ҳанӯз орзуяш мекунад”.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси омори кишварҳои аврупоӣ теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистоне, ки хостори паноҳандагӣ шудаанд, ҳазорҳо нафарро ташкил медиҳанд. Зариф Ализода, омбудсмени тоҷик ахиран дар шарҳи ин раванд, гуфт паноҳҷӯёни тоҷик дар Аврупо сиёсӣ нестанд. Ба гуфтаи ӯ бисёрашон муҳоҷирони кории тоҷиканд, ки дар гузашта ё дар Русия ё Украина кор мекарданд ва барои ҳаёти беҳтар хостори паноҳандагӣ дар Аврупо шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |