Тағйири қонуни Пешво: Э.Раҳмон асосгузори Тоҷикистони мустақил эълон шуд
Маҷлиси намояндагони Тоҷиикстон имрӯз, 26-уми октябр лоиҳаи қонуни конститутсионӣ “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат” –ро дар таҳрири нав қабул намуд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, қонун дар бораи Пешвои Миллат ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта қабул гардид ва вакилон дар лоиҳаи нав баъзе тағйиротро ба он илова карданд. Зуҳуров афзуд, тағйироти марбут ба вазъи ҳуқууқӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини амният ва паҳлӯҳои дигари кору зиндагии Пешвои Миллат аз Конститутсия сарчашма мегиранд, ки ахиран дар таҳрири нав қабул гардид.
Эмомалӣ Насриддинзода, вакили Маҷлиси намояндагон зимни муаррифии лоиҳа гуфт, бар асоси тағйироте, ки ба қонун дар бораи Пешвои Миллат ворид гардид, Эмомалӣ Раҳмон асосгузори Тоҷикистони мустақил эълон гардид. Ҳамчунин бар асоси тағйироти нав Пешвои Миллат аз бархе имтиёзҳои дигар бархӯрдор гардид. Аз ҷумла дар назар аст, ки барои Пешво дар тамоми маҷлисҳо ҷои ифтихорӣ фароҳам гардад. Қонуни нав ҳамчунин ташкили Фонд, орден ва ҷоизаи Пешвои Миллатро пешбинӣ намудааст.
Қонуни нав “Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат” аз 19 модда ва сарсухан иборат аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |