Тибқи иттилои расонаҳо, ин узви пешини иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик, ки бо тахаллуси «қорӣ Садриддин» маъруф аст, мебоист дар асоси Қонуни афв ба озодӣ барояд, дар эътироз ба амалӣ нашудани он даст ба ин иқдом задааст.Вакили мудофеи Садриддин Тошев гуфтааст, ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон дар мавриди озодии зерҳимояаш ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ гузориш додаанд, аммо ӯ ҳанӯз дар зиндон ба сар мебарад. Зимнан, маҳбус Тошев бо ирсоли як нома ба унвони президенти Тоҷикистон, Додситонии кул, вазири адлия, раиси Маҷлиси намояндагон, Комиссариати СММ дар умури ҳуқуқи башар, Созмони Афви байнулмилалӣ ва расонаҳои дохилӣ ва хориҷии муқими Тоҷикистон муроҷиат намуда, хостори расидагӣ ба қазияаш шудааст.
Маврид ба ёдоварист, Тошев дар зиндони рақами 1-и вазорати адлия ба сар мебарад ва қаблан ҳам аснои боздиди хабарнигорон аз ин маҳбас гуфта буд, ки ҳукм дар нисбати онҳо сангин аст: «Намояндаҳои собиқ опозитсиюне, ки дар инҷо ҳастанд, аслан ба афв шомил намешаванд. Ман бо ин ҷазои беш аз 20 соле, ки гирифтаам, комилан розӣ намебошам».
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон рӯзи ҷумъа (25-уми ноябр) аз поён ёфтани иҷрои қонуни афв хабар доданд. Ба гуфти мақомот дар чаҳорчӯбаи ин тадбир бештар аз 4 ҳазору 300 нафар зиндонӣ афв шуда ва ба назди пайвандони худ баргаштаанд.Дар миёни онҳо 196 нафар занон ва 153 нафар ноболиғон низ ҳастанд. Мӯҳлати зиндони беш аз 5 ҳазор нафари дигар камтар шудааст.
Боис ба тазаккур аст, ки ҳанӯз 2-юми сентябри соли равон, Шерхон Салимзода, додситони кулли кишвар дар посух ба пурсиши журналистон оид ба татбиқи Қонуни афв дар қиболи бархе аз ашхоси мӯҳлати адонагардидаи ҷазояшон гуфта буд, ки мутобиқи моддаҳои 8,9 ва 13-и қонун «Дар бораи авф» мӯҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати маҳкумшудагон кам карда мешавад. Прокурори генералӣ афзуд, бо пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ мӯҳлати адонагардидаи ҷазои маҳкумшудагон Ёрибек Иброҳимов, маъруф ба тахаллуси «Шайх Ёрибек», Исматулло Ҳабибуллоев бо лақаби «Исмати Аулӣ», Ёқуб Салимов, Садриддин Тошев, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Ҷамшед Сияев ва чандеи дигар мутобиқи моддаи 13 ба мӯҳлати дусолӣ ва нисбат ба баъзеашон мутобиқи моддаи 8 аз ин зиёдтар кам карда шуд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |