Оромгоҳ барои бехудоён
Дар шаҳри Бурлэнги Шветсия барои афроде, ки ба ҳеч дине мансуб нестанд, қабристони махсус созмон дода мешавад.
Бино ба иттилои расонаҳо, қитъаи Замин барои ин оромгоҳро бузургтарин ибодатгоҳи масеҳиёни ин кишвар ҷудо кардааст. Қабристони бехудоён ё “атеистҳо” аз дигар оромгоҳҳо бо он фарқ мекунад, ки рӯи қабрҳо салиб ё дигар рамзҳои динӣ насб намешавад.
Шветсия дар баробари Чин аз кишварҳое маҳсуб мешавад, ки дар он теъдоди зиёди бехудоён зиндагӣ мекунанд. Бар асоси як назарсанҷӣ 76 дарсади сокинони ин кишвари аврупоӣ пайрави ҳеч дине нестанд.
Соли 2012 Вазорати умури хориҷии Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар гузориши солонаи худ дар бораи вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон навишт, тақрибан 0,01 дарсади сокинони Тоҷикистон худро атеист мешуморанд. Ин дар ҳолест, ки бино ба оморҳо ҳудуди 97 дарсади сокинони кишвар пайрави дини мубини Исломанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |