Намози Назарбоев дар масҷиди паёмбари Ислом
Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон аснои сафари расмӣ аз Арабистони Саудӣ дар масҷиди паёмбари ислом – Муҳаммад (с) намоз гузоштааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Назарбоев хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни сафар ба шаҳри Мадина Нурсултон Назарбоев ҳамчунин бо сохтори меъмории Масҷиди Набавӣ ошно шуда, бо шоҳзода Файсал бин Салмон Ал Сауд дидору гуфтугӯ доштааст.
Назарбоев ягона раисиҷумҳури кишварҳои Осиёи Миёна нест, ки дар масҷиди паёмбари Ислом намоз мегузорад. Моҳи январи соли равон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳам ба масҷиди набавии шаҳри Мадина рафта, равзаи Муҳаммад (с)-ро зиёрат намуд. Ба гуфтаи дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон: “Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати ҳамроҳ дар масҷиди набавӣ низ дар назди равзаи пайғамбари ислом ду ракъат намози нафл хонда, барои осудагии мардуми шарафманди тоҷик ва шукуфоии Тоҷикистони азиз дуову фотеҳаи нек кард”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |