Изҳороти Қӯшунҳои сарҳадӣ: Ҳамсояҳо ҳудуди Тоҷикистонро ғасб накардаанд
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабарҳо дар мавриди ғасби ҳудуд ва маҳалҳои аҳолинишини кишвар аз ҷониби шаҳрвандони кишварҳои ҳамсояро беасос хондааст.
Ин ниҳод ба матлаби хабарнигори ҳаракати “Тоҷикистони воҳид”, ки дар он иддао мешавад, хидматчиёни ҳарбии қирғиз ба хоҷагии деҳқонии “Чоркуҳ”-и Исфара ворид шуда, парчами худро насб кардаанд, вокуниш нишон дода, онро дурӯғу буҳтон унвон кардааст. Қӯшунҳои сарҳадӣ мегӯяд, таҳқиқоти хизматии раёсатҳои дахлдор нишон дод, ки “ҳеч далели ғасби худсаронаи ҳудуд ва маҳалҳои аҳолинишини кишвари мо аз ҷониби шаҳрвандони кишвари ҳамсоя ба қайд гирифта нашудааст”.
Дар изҳороти Қӯшунҳои сарҳадӣ омадааст, дар пайи ҳар қазия, ки дар минтақаҳои марзӣ сурат мегирад, фавран мулоқоти намояндаҳои бахши марзбонии ду ҷониб баргузор шуда, он баррасӣ мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |