Тайи 10 моҳи ахири соли равон корхонаҳои коркарди пӯсти ватанӣ 820,1 ҳазор дона пӯсти чорвои калон ва хурдро коркард намудаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,6 маротиба бештар аст.
Тавре аз маркази матбуотии вазорати энергетика ва саноат ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, коркарди пашм бошад, аз ҷониби корхонаҳои кишвар ба миқдори 327,3 тонна бо маблағи 1 431 050 сомонӣ каркард гардидааст. Сарчашмаи хабар сабаби зиёдшавии истеҳсоли пусту пашмро ба манъи содироти онҳо ба хориҷи кишвар унвон намуд. «Қобили қайд аст, ки зиёд гардидани истифодабарии иқтидорҳои истеҳсолӣ дар корхонаҳои коркарди пӯст ва пашм баъд аз қабули қарори ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи муваққатан манъ намудани содироти ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм) - и коркарднашуда аз Тоҷикистон» аз 30 апрели соли 2011 имконпазир гардиданд». Бо дастгирии вазорати энергетика ва саноати кишвар ба муносибати 20 солагии истиқлолияти Тоҷикистон 2 корхонаи коркарди пӯсти чорвои калон ва хурдро соҳибкори инфиродӣ Абдусатторов Ш ва ҶДММ «Файзи Мастчоҳ» бо иқтидори умумии коркарди зиёда аз 450 ҳазор дона пўст ва 1 корхонаи ҶММ «Ростаи Суғд»-и коркарди пашми маҳаллӣ бо иқтидори коркарди 700 тонна пашм дар як сол ба фаъолият шурӯъ намуда, тақрибан 100 ҷои нави корӣ ташкил гардидааст, афзуд манбаъ.
Мӯҳр