ВИДЕО: Тавсифи доварон аз тарбия ва рақси ҷавони тоҷик дар барномаи “Танцы”

Доварони барномаи маъруфи “Танцы” дар шабакаи “ТНТ” аз ҳунарнамоӣ ва тарбияи Сафар, як ҷавони тоҷик дар ин барнома тавсиф намуданд.
Сафар, ҷавони тоҷик, ки дар Душанбе таваллуд шудаасту Коллеҷи санъати Маскавро хатм намудааст, ахиран бо ҳунарнамоии кӯтоҳаш дар барномаи маъруфи “Танцы” тавонист ба марҳилаи навбатӣ роҳ ёбад.
Довар Сергей Светлаков, ки дар Тоҷикистон бештар ба ҳайси “Началник”, қаҳрамони барномаи “Наша Раша” маъруф аст, аз тарбияи ҷавони тоҷик тавсиф кард, ки нахустин шуда, бо аҳли толору дигар ҳозирин салом кард: “Ӯ нахустин шуда, бо ҳозирини толор салом кард, офарин ин дуруст аст”.
Дар пайи ҳунарнамоии ҷавони тоҷик хореограф Егор Дружинин, яке аз чор довар бо таъкиди ҳунари хуби раққосии Сафар изҳор дошт, ки ҳунарнамоияш кӯтоҳ буд: “Матни кам дошт, бинобар ин ман не мегӯям”.
Аммо доварони дигар бо эълони тасмими муштарак ҷавони тоҷикро ба марҳилаи дигар гусел намуданд.
Дар шарҳи ҳунарнамоияш Сафар бо изҳори хушҳолӣ гуфт, аз тасмими доварон илҳом гирифт ва аз ҳама муҳиму мушкил дар чунин барномаҳо аз ҳад эҳсосӣ нашудан аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |