Бахшҳо

Муъминобод: Имомхатибе, ки аз ҳисоби замину боғ ба хонандаҳо “стипендия” медиҳад...

Иноятулло Абдуллоев, имомсхатиби деҳаи Ғеши ноҳияи Муъминобод 9 сол мешавад, ки ба хонандаҳои фаъоли ноҳия аз ҳисоби худ идрорпулӣ ё “стипендия” медиҳад.

Абдуллоев дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин корро барои руҳбаланд кардани толибилмон анҷом медиҳад: “Ҳарчанд пули ночиз ҳам бошад, аммо бо ин васила мехоҳам онҳо ҳавасманд шуда, хуб дарс бихонанду дар оянда кадрҳои лозим гарданд”.

Иноятулло Абдуллоев афзуд, ӯ замин ва боғ дорад ва аз ҳисоби онҳо ба хонандаҳо идрорпулӣ медиҳад. “Бо қадри имкон барои таъмири мактаби деҳаи Ғеш ёрӣ медиҳам”,-афзуд ӯ.

Сокинони ноҳияи Муъминобод мегӯянд, Абдуллоев борҳо барои обод намудани роҳҳои таъмирталаб маблағ додааст ва ба камбағалону ниёзмандон пайваста дасти ёрӣ дароз мекунад. Абдулло Раҷабов, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия ба “Озодагон” гуфт, ҳоло идрорпулии имомхатибро 5 хонандаи ноҳия, ки дар мактабҳои гуногун таҳсил мекунанд, дарёфт мекунанд: “Як варзишгардухтар ҳам, ки соли гузашта мактаби миёнаро хатм намуда, устоди варзиши қаиқронӣ ҳаст, кумак мегирад. Ҳоло ин варзишгар дар курси аввали Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ таҳсил мекунад”.

Муъминобод: Имомхатибе, ки аз ҳисоби замину боғ ба хонандаҳо “стипендия” медиҳад...Худи Матлуба Раҳматова, устоди варзиш мегӯяд, ин амали Иноятулло Абдуллоев барои талошҳояш дар роҳи расидан ба муваффақият нақши бузург дошт: “Медидам, ки дигарон низ кушиш мекарданд, то бо баҳои аъло хонда, сазовори гирифтани “стипендия”-и ӯ гарданд. Соли гузашта ман соҳиби медали тилло гашта, устоди варзиш дар риштаи қаиқронӣ гардидам”.

Ба омори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Муъминобод, Ҳоҷӣ Иноятулло дар як сол барои “стипендия” ва чорабиниҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бештар аз 5 ҳазор сомонӣ пешниҳод мекунад.
Мӯҳр
ОЗОДИ
Бисёр кори хуб мекунад ин имомхатиб ва аз озодагон мепурсам, ки 9 сол пеш чаро ин кори хуби Имомхатибро руи сахфаи Озодагон ба чоп нарасонда акнун пешниходи бинандагони худ карда истодаи? Агар чоп накунед хамин суханони маро Шумо хам оянда надоред.

Худованд лутфу карамашро ба Шумо арзони дорад бо ин амалатон.
Кош дигар хочиёнам ин амали некро дастгири мекаданд.

Саломату хона обод боши Бобои Хочи. Ман бисёр хурсанд шудам ба хамин хайру сахое, ки Шумо мекунед, Худован аз инда зиёдаша бидихад. Бобои Хочи агар имконятатон бошад дар сафи хамин писарони "стипендия"-гир ячанд ятимбачахои бепадар, бемодар ё ин ки ятимони кулро хамрох мекардед, баракати Худованд ба Шумо бехад зиёда мегардид. Худованд баракаташро дар кори Шумо дихад. Саломату сарбаланд бошед Бобои Хочи.

Сарабек
Ана ин кор, ана химмату саховат! Муллохои дигар ибрат гиранд. Имом хатибони дигар нигох мекунанд, ки аз кисаи одамон чанд пул мебарояд.

адл
АЛЛАH баракашон дихад ин хел одамхо бисёр алхамдуллилах факат намехоханд ки ягонкас амалашона донад

Чароки ин имомхатиб бо доштани бог ин кудрата дораду хукуматдорони мо бо доштани давлату сарват ба як кори хайр даст намезананОЗОДИ,

Бобои Хочи Худованд дар корхоят аз инда зиедтар баракат дар хонадонат резад. Хуб мешуд бобои Хочи идрорпулиро бисертар ба фарзандони бекасу наво равона созед. Дигар Хочиен ва Имомхатибони масочид аз чунин хайр кардани Бобои Хочи ибрат гиред. Дасти ери дароз кардан ба бенавоену бесаробондагон бехтарин савобест дар дини Ислом .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)