Бозиҳои даври 43-юми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон ба анҷом расид.
Тибқи иттилои федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин давр дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд тими ССКА «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 2 бар 1 шикаст дод.
Ҳамчунин бозии мавқуфмондаи мусобиқот байни дастаҳои «Гвардия»-и Душанбе ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа баргузор гардид. Дар ин дидор футболбозони «Вахш» ба дарвозаи ҳариф 2 голи бе ҷавоб заданд.
Нишонзанҳои беҳтарин: Фозил Сатторов аз тими «Равшан» бо 20 тӯб дар ҷои аввал аст. Комил Саидов аз дастаи ССКА «Помир» ва Габриэл Донто аз «Энергетик» бо 19 голӣ зинаи дуюмро касб кардаанд. Юсуф Рабиев аз дастаи «Истиқлол» бо 18 тӯб дар мақоми сеюм қарор дорад.
Бозиҳои даври 44-ум ё охирини мусобиқот 29-уми ноябр баргузор мешаванд. Дар ин давр «Парвоз» - ССКА «Помир», «Энергетик» - «Истиқлол», «Вахш» - «Равшан» миёни ҳам рақобат хоҳанд кард.
Ба иттилои манбаъ рӯзҳои баргузории бозиҳои мавқуфмондаи мусобиқот пас аз машварат бо дастаҳо муайян хоҳад шуд.
Мӯҳр