Гуфтушуниди ХБА ва Душанбе барои қарз: Бонкҳои Тоҷикистон бепул мондаанд

Хазинаи байналмилалии асъор дар гуфтушуниди Алмато шарт гузоштааст, ки дар сурате ба Тоҷикистон қарз хоҳад дод, агар ин кишвар дар зудтарин фурсат аз ислоҳот кор бигирад.
Ҷуҳа Каҳконен, ноиби раиси ХБА дар умури Осиёи Марказӣ ва Шарқи наздик мегӯяд, 21-уми октябр зимни гуфтушунид бо Тоҷикистон дар мавриди қарз барои дастгирии низоми бонкӣ пешрафтҳое ҳосил шуданд: “ХБА умед дорад, ки барномаи нави қарзӣ барои Тоҷикистон моҳҳои наздик ба тавофуқ мерасад. Дар барнома масъалаи меҳварӣ низоми бонкӣ мебошад. Гуфтушунид ҳафтаҳои наздик идома хоҳад дошт”.
Каҳконен дар пайи гуфтушунидҳо дар Алмато изҳор доштааст, ки бонкҳои Тоҷикистон аз сармояи кофӣ бархӯрдор нестанд ва дар қарздиҳӣ дасткӯтоҳанд. Ӯ гуфтааст, нисфи қарзҳое, ки қаблан бонкҳои Тоҷикистон ба мизоҷон додаанд, то ҳол баргардонда нашудаанд.
Каҳконен афзудааст, феълан ҳаҷми қарзе, ки бояд ХБА ба низоми бонкии Тоҷикистон ироа кунад, дақиқ нест.
Қаблан Масъуд Аҳмад, мудири департаменти ХБА дар Шарқи наздик ва Осиёи Марказӣ ба “Financial Times” гуфта буд, агар Тоҷикистон хостори дарёфти кӯмак аз ХБА аст, ҳукумати он бояд се шарти калидиро иҷро кунад: “Инҳо - таҳкими назорати умумии низоми бонкӣ, лағви маҳдудиятҳо дар бозори асъор, таъмини шаффофияти фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ва ҳамоиши онҳо бо буҷаи давлат мебошанд”.
Қаблан Ҷамолиддин Нуралиев, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон моҳи феврали соли равон аз эҳтимоли ҷалби 500 миллион доллар қарз аз Хазинаи байналмилалии асъор хабар дода буд. Оқои Нуралиев он замон аз пайомади хуби чораандешиҳои мақомоти Тоҷикистон дар низоми бонкӣ суҳбат карда буд, аммо масъулини ХБА мегӯянд, иқдоми мақомоти тоҷик бояд бозбинӣ шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |