Бахшҳо

Қоимдодов: Набояд кӯр-кӯрона вориди ҳар иттиҳодия шавем

Қозидавлат Қоимдодов, сафири Тоҷикистон дар Белорусия гуфтааст ворид шудани кишвари мо ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар марҳилаи омӯзиш ва таҳлил қарор дорад.

Сафири Тоҷикистон бо таъкид ба зарурати муттаҳидии кишварҳо ишора кардааст: “Албатта, давлатҳо бояд муттаҳид бошанд, аммо ин чиз бояд бо назардошти манофеъ сурат гирад. Набояд ба ҳар иттиҳодия кӯр-кӯрона ворид шуд”.

Оқои Қозидавлат гуфтааст Тоҷикистон ва Белорусия аъзои блокҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ ба монанди ИДМ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва СПАД мебошанд. Ӯ дар мавриди пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё таъкид кардааст, ки бояд ҷанбаҳои манфӣ ва мусбати ин тасмим мушаххас шаванд: “Пешвои мо, Эмомалӣ Раҳмон зарурати омӯзиши асосҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқии ворид шудан ба ин иттиҳодияро таъкид карда буд”.

Сафири тоҷик инчунин гуфтааст, “таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки барои ворид шудан ба чунин иттиҳодия бунёди иқтисодии қавӣ доштан лозим аст”.
Қозидавлат Қоимдодов ба изҳори нигаронӣ афзудааст: “Агар мо имрӯз тамоми боҷи гумрукӣ, ки манбаи даромади буҷаи давлатанд, бардорем фардо ин пулҳоро аз куҷо пайдо мекунем. Кишварҳои дигар, ки хоҳиши ворид шудан ба иттиҳодияро доранд, ин имконро доранд”.

Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар Белорусия ҳал кардани ин мушкил фурсат мехоҳад. Қозидавлат Қоимдодов ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдоро мисол оварда гуфтааст, ки барои ворид шудани ба ин созмон 11 сол вақт лозим шуд. Ӯ гуфтааст мутаххасионро лозим аст дар бораи ҳамоҳангии тарифҳо фикр кунанд, коршиносон дар ин замина кор мекунанд, “аммо омили буҳронҳои молии ҷаҳонӣ ва дигар таҳримҳоро бояд ба назар гирифт”.

Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки дар аввал Иттиҳоди гумрумӣ ном дошт, бо ташаббуси Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ташкил шудааст. Аз соли 2014 ин иттиҳод Русия, Белоруссия ва Қазоқистонро дар бар мегирифт, аммо баъдан Қирғизистон ва Арманистон низ ба он пайвастанд. Ин иттиҳод ҳаракати бемонеаи пул, мол ва нерӯи кориро миёни кишварҳои аъзо таъмин мекунад.
Мӯҳр
Чаноби сафир. Шумо фикри пула мекунед мо не. Шумо азобхои мухочира ба инобат нагирен ки бо зарар набинед. 1ум 6000 рубл сертификат, 7500р медосмотр, 1500р тарчумаи шиноснома, 10500р андози патент боз агар хохи хамаи ин пул насузад бо хаки миенарав барои гирифтани патент 2500р, 1 мох ичозаи кайд 1000р дар 3 мох 3000р сугурта (страховкае ки мурдани боши бадодат намерасан) 1800р == хамаи ин авалда 32000р ин харочоти як мухочири точик. Чои хоб 5000р, барои гизо 5000р, рох пули 2000р. Агар шмо хисоб када бароен сафир хамаи ин харочот чанд кадар пул мешавад. Шумо яке вориди Иттиходи гумруки ворид шавед ин микдор пула мухочир ба Точикистон равон кунад, Яке зарар Точикистон зарар набинад. Худ казоват кунед вазир хулоса бароре ки аз руи омор чанд кадар мухочир кору фаъололият дорад.Аз руи омор як милион гуфта мешавад. Агар 1рубли равон кунан хармох як миллион рубл мешавад. Лек мо факат хармох барои патент 4200р пардохт мекунем. Ана фоидаи мора ки мебинад.....

Фаридҷон бародар ин ҳамаро қимат кардан барои ҳамин ворид шудани Тоҷикистон ба Авруосиё ҳаст охир ҳар як нозукиро барои мо ҳисобот намедиҳанд,ку ҳама фақат манфиати худашро фикур мекунанд лек инҷо таги коса нимкосае ҳаст,ки мо намефаҳмем мисол ман бо бачаи вазир гашта наметонам ку дар тарабхонаҳо маишат кунам як гап ҳаст поятро бо чени курпаат дароз кун гапҳои Шумоҳам дуруст лекин дигар тарафашро фикур мекунанд давлатдорҳо Руссия ҳеҷ вақт ба манфиати мо амал намекунад фақат ваъдаҳои дуруғ медиҳад читавреки соли 2012 барои Тоҷикистон 2 милиард долар ваъда карду 3 4 техникаи фарсудаашро дод инҳам ҳамон ҳаст Қирғиз пушаймон шуд лек деркард ваъдааш дод ГЕС ҳоятро месозам лекин охирда гуфтаи бачако гидатуш кард бад кидат разбор надорад.

Мо аз Киргизистон чи ками дорем. То он даме, ки корупсия дар ТЧ пурра решакан нашавад, махалгарои аз байн наравад, вазифа харидану фурухтан давом гирад мо ба ягон иттиход шомил шуда наметавонем

Акаи Фарид хаки гапа гуфтед. Бовар кунед хеч кас гами халки бечораро хурдани нест. Ба ин иттиходия хохем нахохем хам вррид мешавем чпноби саыир. Руссия имруз таклиф дорад пагох кор ба шантаж мегузарад ва Мухлчиронро депорт мекунанл хох нозох кур курона дохил мншавем локин бо дигар лготхои паст

САФСАТА ГАП НАЗАНЕД МУХТАРАМ САФИР!!!!!!!
АНКАРИБ 2000000 МУХОЧИР ДАР АЗОБАНДУ ШУМО КИМЧИХО ГУФТА ИСТОДАЕД.
ДАР КУРСИИ МУЛОИМ НИШАСТА МАОШИ ХУБ МЕГИРЕД ЯК БИЁЕД АЗОБИ МОРО БИНЕД АНА БАЪД ГАП ЗАНЕД.БАНДА ДАР СОЛИ 2016 ХАФТОД ХАЗОР РУБЛИ РУСИ БА ФМС- И РОСИЯ СУПУРДАМ КИ АГАР БО ПУЛИ ИМРУЗИ СОМОНИ ХИСОБ КУНЕМ 8610 СОМОНИ МЕШАВАД.
ШУМО МЕДОНЕД ИН МИКДОР ПУЛ БАРОИ ОИЛАИ ТОЧИК ЧИ КУМАКИ КАЛОН МЕШАВАД.БОЗ УН АЗОБЕ КИ МО ДОРЕМ БАХУДО КАСАМ ХУДО ХУДАШ МЕДОНАДУ МУХОЧИРИ БЕЧОРА ЛЕКИН ШУМО АЗ ХАВО ГАП МЕЗАНЕД

Фарид бародар ман ҳолати ту ва тамоми муҳоҷиронро мефаҳмам, барои он ки ман бигуем ҳам муҳоҷиру ҳам донишҷӯ ҳастам. Лекин агар ҳамин бо ворид шудан ба Иттиҳоди АвруОсиё мушкили муҳоҷирони мо сад дар сад ҳал шавад бовар кунед давлат кайҳо вориди он мешуд. Аммо бояд як чизро ба назар гирифт, ки дар Русияи имрӯза ба муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Миёна на он қадар муносибати хуб доранду на он қадар дар фикри онҳо ҳастанд. Ман барои Шумо мисол меорам Қирғизистони ҳамсоя.
Тарафҳои мусбаташ ба онҳо:
Мераванд ба Руссия танҳо бо қайд мегарданд на ягон патент мекунанд на ягон чизи дигар. Ба қирғизҳо дар Русия корҳои нисбатан сабуктар ба монанди посбон, хонарӯб, дар ҳар гуна корхонаву муассисаҳо фаррош, дар мағозаҳо фурӯшанда ва ғайраҳоро додаанд на аз ин зиёд. Ана ҳамин қадар ҷанбаи мусбат дорад.
Акнун мебинем ҷанбаҳои манфиашро.
Аз рӯи омори ФМС-и Русия қариб таги 300 000 ҳазор муҳоҷири корӣ аз Қирғизистон ихроҷ карда шудаанд. Аз рӯи гуфти коршиносон қарзи беруна Қирғизистон 70% фисади ММД ташкил медиҳад, ҳол он ки ин нишондод то воридшавии давлати ҳамсоя ба Иттиҳоди АвруОсиё аз 50 фисад камтар буд. Имрӯз қариб 70-80 фисади ҷавонони қирғиз пас аз хатми мактаб роҳ ба сӯи муҳоҷират мегиранд, яъне бе маълумот мемонанд, зеро имрӯзашда барои онҳо ҷои кори доимӣ мавҷуд аст. Ин тамоюл низ барои давлат хатар дорад. Ин аз рӯи ҳамон принсипе, ки шикам серу каллаҳои холӣ. Лекин ҳамонгуна таҳқирро низ муҳоҷирони ҳамсояи мо мебинанд. Имрӯз давлат ва ҷомеаи Русия ҳама КАПИТАЛИСТАНД ин чизро набояд мо фаромуш кунем. Ман борҳо таъкид кардаам, ки агар давлати мо ба ҳазорҳо созмони таҳти назари Руссия дарояд ҳам, вазъи муҳоҷирони мо ҳаллу фасл намешавад ва инро ман ба Шумо кафолат медиҳам.

Мирали
Хайхот,ки чашми кури шумо азоби мухочири бечораро намебинад!

Фарид,
Фарид салом. Ба Шумо гуфтаниям, ки Сафири муҳтарами мо дар Белорус бисёр андешамандона изҳори мавзӯро карданд. Ғамхории муҳоҷирони кориро Ҳукумати Тоҷикистон баҷо меоварад. Масалан як нуктаи оддиро фаромуш накун, ки рафтани ту шахси бузург ба Россия ва умумуман ба кишварҳои ҷаҳон ҳамон равобити дӯстонаи Ҳукумати Тоҷикистон аст, агар ин равобит набошад ту шахси бузург он ҷо чи кор мекунӣ. Дар кадом макони дунё набоши он талаботҳое, ки ту шахси бузург иншо кардаӣ, ҳамчун муҳоҷирӣ корӣ бояд дошта бошӣ.
Муҳтарам Сафири кишвари мо Қозидавлат Қоимдодов бисёр иқтибоси хубу оли оварданд: аз ҷумла, Дар мавриди пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё таъкид кардааст, ки бояд ҷанбаҳои манфӣ ва мусбати ин тасмим мушаххас шаванд: “Пешвои мо, Эмомалӣ Раҳмон зарурати омӯзиши асосҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқии ворид шудан ба ин иттиҳодияро таъкид карда буд”.
Фарид! Фикри МИЛЛАТУ КИШВАРАМОН - ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗРО БОЯД КАРД.

Тоҷик
Корбар
Субҳ ба хайр, муҳаррирони сомона. Лутфан, таваҷҷуҳ кқнкд: Номи ин кишвар расман БЕЛАРУС (дар русӣ бо "ь") аст, на БЕЛОРУСИЯ. Худи мардуми ин кишвар доимо аз русҳо гиламанданад, ки номи кишварашонро дуруст намегиранд

Да, масъала хеле вазнин. Дароем истиклолияти сиёси каме халалдор меша. надароем иктисодиёт бутун зарар мебинад. Чи бояд кард? В.И.Ленин..........
70 сол маркази ашёи хом будем- бас.... Чи бояд кард? Чернишевский.......
дар 25 соли озоди хеле кам ёрии давлати расид. Чаро?????
Мо бояд якчоя бошем тамом ва салом. Иктисод чавхари Сиёсат....

Хирад
Офарин сафири мухтарам!
Кур-курона ба хар иттиходияву гуруххо дохилшудан ба зарари мо аст.
Ба онхое, ки мухочирони кориро бахона оварда мехоханд истиклолияти Точикистонро зери пои урус кунанд, гуфтаниам, ки СОДАИ ЛАВДА нашавед! Урус хеч вакт ваъдаашро ичро накардааст! Хамон киргизхо хам дар русси хам дар давлати худашон проблема доранд. Хама чизхои импортниашон руз ба руз киммат шуда истодааст. Баъди ду сол нархи Тангем дар Киргизистон мисли форт транзит ва Опел Астра мисли Мерседес С класс мешавад. Жигуливу Волга боз мошинхои элитаи Киргизхо мешавад.
Мо рох ба Афгонистон дорем, рох ба Хитой. Худи Узбакистон як бозори калон аст. Набояд рухафтода шавем.

Хамин тинчию амони бошад дига хама чи мешавад камтари дига токат карданамон даркор. . Пешвои миллат бисер одами хуб аст, барои мо мухочирон бисер корора осон кадай, лекин хамин якхел хукуматдорон садкаи вазифахояшон шаванд хирсона хизмат мекунанд нисбати Чаноби Оли....

Мухочир россия
Магар Козокистону Белорусия аз ин итиход ягон зарар дида бошанд?

ув
Мухочир россия,

Рохи гурехтанашонро намеебанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)