Бахшҳо
20 окт 2016 14:08Тоҷикистон / Иқтисодӣ

БАТР бо 46,5 миллион доллар рақобатпазирӣ дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистонро баланд бардоштанист

Дар Тоҷикистон барномаи нав барои баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар соҳаи кишоварзӣ оғоз ёфт, ки онро Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар якҷоягӣ бо Иттиҳоди Аврупо (ИА) амалӣ мекунанд. Арзиши умумии барнома 42 миллион евро (46,5 миллион доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад.

Зимни муаррифии барнома қайд гардид, ки соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои шуғли асосӣ маҳсуб меёбад, аммо маҳсулнокӣ дар сатҳи хеле паст қарор дорад. Ҳадафи асосии Барномаи нави таҳкими рақобатпазирии соҳибкории кишоварзӣ (ТРСКТ) дар Тоҷикистон маҳз баланд бардоштани маҳсулнокӣ дар соҳаи кишоварзӣ мебошад. Масъулини Бонки аврупоии таҷдид ва рушд гуфтанд, БАТР дар умум 20 миллион евро қарз ва Иттиҳоди Аврупо 9 миллион евро барои грантҳои сармоявӣ ва механизмҳои тақсими хавфҳо ҷудо намуда, тасмим дорад, ба таври илова боз 800 000 евро барои кӯмаки техникӣ пешниҳод намояд. Намояндаи БАТР гуфт, “дар ояндаи наздик ҳамроҳшавии боз як бонк ба БАТР ҷиҳати маблағгузорӣ ва амалигардонии барномаи мазкур, ки ба маблағгузории кулл саҳм хоҳад гузошт, дар нақша аст”.

Барои марҳилаи аввали барнома аз ҷониби БАТР 15 миллион евро маблағ ҷудо гардида, он барои пешниҳод намудани қарз ба қарзгирандагони ниҳоӣ пешбинӣ шудааст. Инчунин 3 миллион евро барои грантҳои сармоявӣ пешибинӣ гардида, он аз ҷониби ИА маблағгузорӣ мешавад. "Ин кӯмакҳо барои мусоидат ба корхонаҳои хурд ва миёна дар соҳаи кишоварзии аввалия бо мақсади таҷдид ва азнав кардани техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ, ки аз кор монда ва кӯҳна шудаанд (аксарияти таҷҳизоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон аз замони шӯравӣ боқӣ мондааст), равона карда мешавад,-изҳор дошт намояндаи БАТР.

Ба гуфти масъулин бо мақсади дастрас намудани қарз ба корхонаҳои хурд ва миёнаи соҳаи агробизнес дар тамоми кишвар, ташкилотҳои маблағгузории хурд ва бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон, ки аллакай интихоб шудаанд, бо маблағи пешбинишуда таъмин мегарданд ва 80 фисади маблағгузорӣ барои ноҳияҳои аз пойтахти кишвар дур равона карда мешавад.

Ричард Ҷонс, сарвари Дафтари БАТР дар Тоҷикистон гуфт: “Бо сармоягузории дуруст ба коркард, банду баст ва стандартҳои сифат, истеҳсолоти кишоварзии Тоҷикистон дорои иқтидори бузург баҳри тавсеадиҳӣ, таъмини сарчашмаҳои рӯзгузаронӣ ва афзоиши содирот хоҳад шуд”.

“Барномаи нави маблағгузорӣ – ин ҷадидтарин воситаи БАТР аст ва он ҷиҳати дастгирии ин иқтидор, ки он ба барномаҳои қарзии пешина такя мекунад, ки тавассути шарикони молиявии ватанӣ, машварат барои рушди соҳибкории хурд ва маблағгузории бевоситаи соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ мешавад”,-изҳор дошт Ричард Ҷонс.

Зимни муаррифи Барнома инчунин қайд шуд, ки соҳаи кишоварзӣ беш аз 50 фоизи қувваи кориро дар Тоҷикистон бо кор таъмин мекунад, аммо танҳо чоряки маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дарбар мегирад. Соҳаи мазкур танҳо аз якчанд зироатҳо, ба монанди гандум, ҷав, пиёзу сирпиёз вобастагии калон дорад. “Барномаи нав ҳамчунин ҳадаф аз он гирифтааст, ки баҳри диверсификатсияи соҳаи кишоварзӣ дар кишвар ва парвариши меваю сабзавотҳои дигар, истеҳсоли асал ва рушд додани чорводорӣ, аз ҷумла чорводории ширӣ мусоидат намояд. Аз тарафи мушовирони лоиҳа, Мактаби молия ва идоракунии Франкфурт (Frankfurt School for Finance and Management), ки ИА ва Барномаи ТРСКТ бо онҳо шартнома бастааст, аллакай зербахшҳои мушаххас муайян карда шудаанд”,-қайд шуд зимни муаррифӣ.

Нахустин ташкилоти амонатии қарзии хурд, ки дар чаҳорчӯбаи барнома маблағгузорӣ мегардад, ташкилоти амонатии қарзии “Арванд” мебошад. Маблағгузорӣ ба он 2 миллион доллари ИМА-ро бо асъори миллӣ-сомонӣ ташкил хоҳад дод. “Итминон дорам, ки таҷрибаву муносибатҳои шариконаи қавӣ ва тӯлонии мо бо муштариён, инчунин филиал ва марказҳои хизматрасонии бонкии мо, ки 60 фоизи онҳо дар манотиқи деҳот ҷойгиранд, боиси бомуваффақ амалигардонии барнома хоҳад гашт”,-гуфт сарвари кулли “Арванд” Шоира Содиқова.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки БАТР аллакай Барномаи дастгирии молиявӣ дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистонро (TAFF) бомуваффақ амалӣ гардонидааст, ки дар доираи он 72 миллион доллари ИМА ба деҳқонон тавассути ташкилотҳои молиявии маҳаллии шарикӣ равона карда шуда буд, ки ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Люксембург ва Хазинаи БАТР барои кишварҳои давраи барвақти гузариш маблағгузорӣ карда буданд.

Ба гуфти масъулин Гурӯҳи БАТР инчунин доир ба машварат барои соҳибкории кишоварзӣ ба ширкатҳои соҳаи соҳибкории кишоварзӣ мушовирон маслиҳатҳо оид ба соҳибкориро пешниҳод менамояд ва дар самти ташаккули занҷираҳои арзиши иловашуда фаъолият мебарад. “Барои намуна Бонки аврупоии таҷдид ва рушд саҳмиядори миноритарии Ашан дар Тоҷикистон гардид, ки он ба наздикӣ гипермаркети нахустинро дар кишвар ифтитоҳ намуд ва зиёда аз 200 таъминкунандагони маҳаллиро интихоб намуд, ки онҳо бо гипермаркети номбурда ҳамкориро оғоз хоҳанд кард”,-қайд намуд намояндаи БАТР.

Дар маҷмӯъ гуфта шуд, ки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд то имрӯз беш аз 670 миллион доллари ИМА-ро барои бахшҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст.

Атохон ҒАНИЕВ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)