Мақомоти узбак: Марзшиканӣ бо Тоҷикистон камтарин аст
Кумитаи марзбонии Хадамоти амнияти миллии Узбакистон мегӯяд, моҳи сентябри соли равон 170 ҳолати нақзи марзи давлатиро ошкор карда, 170 марзшиканро боздошт намудаанд.
Тибқи иттилоияи ин ниҳод дар сарҳад бо Қирғизистон 76 ҳолати марзшиканӣ, бо Қазоқистон-75 ҳолат, Туркманистон-10 ҳолат ва дар марз бо Тоҷикистон 9 ҳолати сарҳадшиканӣ ошкор шудааст: “Марзбонҳо дар пайи саркашии сарҳадшиканҳо давоми моҳи сентябр 16 бор силоҳро кор бурдаанд. Аз ҷумла марзбонҳои узбак дар сарҳад бо Қирғизистон 11 бор, дар марз бо Қазоқистон-3 бор ва як борӣ дар марз бо Тоҷикистону Туркманистон аз силоҳ истифода кардаанд”.
Марзбонҳои Узбакистон афзудаанд, ки тайи як моҳ аз 67 ҳолати вуруди молҳои қочоқӣ ҷилавгирӣ кардаанд, ки 66 ҳолаташ дар сарҳад бо Қирғизистон ва як ҳолат дар марз бо Тоҷикистон ошкор шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |