Шуғнон: “Хирс Алёш” 8 сол аз озодӣ маҳрум шуд
Додгоҳи ноҳияи Шуғнони вилояти мухтори куҳистони Бадахшон як сокини шаҳри Хоруғро барои 8 сол равонаи зиндон кардааст.
Азизмамад Мамадбеков, ки миёни сокинон ҳамчун “Хирс Алёш” маъруф будааст, дар ҷалби ҷавонон ба фурӯши маводи мухаддир ва мусоидат дар паҳн намудани он муҷрим шинохта шудааст.
“Хирс Алёш” дар пайи як амалиёти Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ боздошт шудааст. Дафтари матбуоти ин ниҳод гуфтааст, кормандони раёсат дар рустои Ёмҷи ноҳияи Шуғнон Ҷамшед Хушмамадов, сокини деҳаи Роғи ноҳияи Ванҷро бо маводи мухаддир дастгир кардаанд. Ба иттилои манбаъ, дастгиршуда “бо маслиҳат ва пуштибонии “Хирс Алёш” ин маводро аз Алик ном сокини шаҳри Хоруғ бар ивази 1600 доллари амрикоӣ харидорӣ намудааст”.
Тафтишот собит карда, ки Хушмамадов чанд муддат дар манзили “Хирс Алёш” иқомат карда, бо дастури ӯ ба хариду фурӯши маводи нашъадор машғул шудааст. Додгоҳи ноҳияи Шуғнон баъди баррасии парванда ҳамчунин Ҷ.Хушмамадовро 9 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |