Ахиран, нашриёти “Истиқбол” китоби нави Луқмон Бойматов, таърихнигори тоҷикро таҳти унвони “Спитамон” ба нашр расонд. Бо баҳонаи чопи ин китоб, Сипеҳри Кароматулло бо Луқмон Бойматов мусоҳибае анҷом дод, ки пешниҳоди хонанда мешавад.
Дар Шветсия чӣ ҳолу рӯзгоре доред?
Луқмон Бойматов: Шукри Худованд, ки хубам. Сипосгузорам аз давлати Шветсия, ки шароити хуберо барои иқомату анҷоми таҳқиқотам фароҳам овард ва ҳамроҳи хонаводаам муҳтоҷи чизе нестам. Вазъи зиндагиам бад нест. Даромади мухтасаре дорам. Ба гуфтае, нони хушк хӯрдан дар ҷое ки муҳаббат ҳаст, аз хӯроки шоҳона хӯрдан дар ҷое, ки нафрат вуҷуд дорад, беҳтар аст. Фақат эҳсоси дурӣ аз фарзандон, ёру бародарон ва дӯстону меҳан каме азиятам мекунад.
Ҳоло машғули чӣ корҳоед?
Лумон Бойматов: Дар ҳоли ҳозир дар яке аз муассисоти Донишгоҳи Линшопинг забони суедӣ меомӯзам ва ҳамзамон бо марокизи илмӣ ва донишгоҳҳои наздику дур, бо фаслномаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои мухталиф ҳамкорӣ дорам. Мавзӯот ва майдони таҳқиқотамро вусъати бештаре бахшидаам. Чунончӣ, бо ҳамкории мусташриқин ва муҳақиқини дараҷаи аввали кишварҳои мухталиф иқдом ба таҳия намудани “Донишномаи комили Хуҷанд” кардаам. Зимнан, дар ин бахш барои ҳамкорӣ аз донишмандони меҳанам даъват ба амал меорам. Аз ҳар гуна, ҳамкории муҳаққиқини кишвари азизам хушҳол хоҳам шуд...
Боиси хушҳолист, ки дақиқан ҳафтаи пеш, китоби ҷадидам бо номи “Спитамон” тавассути интишороти “Истиқбол” ба чоп расид. Ин асар такмилаи таҳқиқоти қаблиам аст. Дар ин муддат саъй кардам аз натоиҷи илмии мутахассисони хориҷӣ, ки ғолибан, ноошно барои муҳити илмии Тоҷикистону Русияанд, истифодаи фаровоне дошта бошам. Агар китоби ҷадид хонандаи хақиқии худро пайдо кунад, хушҳол хоҳам шуд. Зимнан, дорам китоби дигари муфассали худ “Сарбадорони Самарқанд. Ҳадсҳо ва воқеъиятҳо”-ро бахшида ба 650-солагии қиёми сарбадорони Самарқанд барои чоп омода мекунам. Ин китоб дар воқеъ, ҷомеътарин пажӯҳиш дар таърихи мавзӯъ аст, ки дар илми таърихнигорӣ сурат пазируфта ва ҳарфҳои тозаву гуфтанӣ дар он зиёд аст. Умедворам, ин китоб то авохири соли равон аз чоп хоҳад баромад.
Нашри ин китоби тозатаълиф, яъне “Сиптамон” бароятон муборак бошад. Далели руҷӯъ ба мавзӯи Спитамон чї аст?
Луқмон Бойматов: Сипосгузорам. Қазия ин аст, ки Спитамон яке аз машҳуртарин ва дар айни ҳол ношинохтатарин шахсияти таърихи миллист. Корномаи ӯ, то кунун, асосан тавассути осори адабӣ матраҳ шуда. Аммо таҳқиқоте, ки аз ҳар ҷиҳат илмӣ бошад, дар бораи ин абармарди таърих сурат нагирифтааст. Таваҷҷуҳ намоед, миллати мо ҳатто номи аслии ин қаҳрамони таърихро ба иштибоҳ “Спитамен” мегӯяд, худ ин амр далели рўшани ноогоҳии миллат аз таърихи худ аст. Нахустин китоби мо дар бораи Спитамон соли 2006 ба чоп расида буд. Китоби ҷадид дар воқеъ такмилаи таҳқиқоти пешини муаллиф аст, аммо ба ҳеч ваҷҳ пажӯҳиши охар ҳам нест. Зимнан, бояд ташаккур аз бародари азизи фарҳангпарварамон оқои Асомуддин Хайриддинов намоям, чун иқдом ва ҳимояти моливу маънавии эшон буд, ки ҳамчунин китоб бо кайфияти бисёр олӣ ба чоп расид.
Дар оғоз ишорат шуд, ки таҳияи “Донишномаи комили Хуҷанд”-ро оғоз кардед, ин ташабусси худи Шумо буд? Ва ин донишнома чи чизҳоеро дарбар мегирад?
Луқмон Бойматов: Тарҳи таҳияи “Донишномаи комили Хуҷанд” аз сӯи ҳеч созмоне сармоягузорӣ намешавад. Иқдоми комилан шахсӣ ва гуруҳист. Ин кор фаќат ба хотири матраҳ кардани ҷойгоҳи таърихии Хуҷанд ва хуҷандиён дар таърихи Эрону Тӯрон анҷом мешавад. Мутмаинан, “ДКХ-и ҷадид”, чӣ аз назари сохтор ва чӣ аз назари муҳтавои илмӣ дар сатҳи бисёр болое анҷом хоҳад шуд, зеро ки мақолотро мутахассисони дараҷаи аввал аз марказҳои илмӣ-пажӯҳишии кишварҳои мухталиф хоҳанд навишт. Аз ин рӯ, муҳтавои он такрори матолиби китоби “Худжанд. Энциклопедия”-и шодравон устод-академик Н. Неъматов нахоҳад буд.
Вақте ин суолҳоро ба Шумо матраҳ мекардам, дар девори маҷозии Фейсбук чашмам ба навиштае бархӯрд: Он ҷо аз 800-солагии пирӯзии Темурмалик бар муғулҳо ва рўди Сир-макони рухдоди ин ҳодиса ёд мешуд ва ин суол матрањ гардида буд, ки чаро ин макон ва ин санаро пос надоштему намедорем? Ба унвони як таърихнигор ба ин пурсиш чӣ посухе доред?
Луқмон Бойматов: Дуруст. Мавзӯъи таҷдиди 800-умин солгарди муқовимати хуҷандиён алайҳи муғул ва ба ин муносибат бунёди маҷмаъи таърихӣ-ҷаҳонгардии “Ҳисори Темурмалик”-ро дар ҷазираи Ёва матраҳ карда будам. Хушҳол шудам аз ин ки билохира, масъулини вилояти Суғд тасмимашонро дар мавриди насби тандиси Темурмалик дар майдони рӯ ба рӯйи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд иваз карданд. Ва чунон ки медонем, ба ҷойи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Бурҷи Истиқолро ба шарафи 25-солагии истиқлоли ҷумҳурӣ насб карданд, ки ба назарам, идомаи шитобкориҳои собиқ аст. Пешниҳоди мо насби тандиси ситоршинос ва риёзидони нобиға Абӯ Маҳмуди Хуҷандӣ дар рӯ ба рўи макони илму дониш буд. Бо камоли таассуф, рӯйи тарҳи пешниҳодӣ ба гунаи лозим таъаммул нашудааст. Вале рӯзгори мо бо имрӯз тамом ва бо хато кардан фазл ато намешавад ва замон беҳтарин муслиҳ аст. Аммо дар бобати ҷашни Темурмалик. Пос доштани ёди неки бузургон ҳам қарз асту ҳам фарз. Фикр намекунам, масъулини вилоят ва шаҳрдории Хуҷанд аз тамҷиди ин санаи муҳими таърихи миллӣ даст кашида бошанд. То ҷое, ки медонам, баъд аз баҳси тӯлонӣ тарҳи бунёди “Ҳисори Темурмалик” дар ҷазираи Ёва аз тарафи бисёре аз донишмандони хуҷандӣ маъқул дониста шуд. Вале мавқеъи ниҳоии масъулини вилоят дар ин маврид то кунун бароям торик монда ва шояд сукути онон ба хотири баррасии бештари ин қазия бошад? Фикр мекунам, пайгирии ин масъала ва рӯшанӣ андохтан ба ин мавзӯъ аз вазоифи рӯзноманигорон бошад. Вале агар таъкид бар аҳамияти тамҷиди воқеаи мазбур дошта бошед, назарам ин аст, ки мудофиаи Хуҷанд дар тамомии саҳафоти таърихи ҳамлаи муғул, чӣ аз назари таърихӣ ва чӣ аз назари санъати ҳарбӣ бикр аст ва дар он рўзгор ҳеч қавме дар баробари истилогарони барбарӣ ба андозаи хуҷандиён кордониву шуҷоат аз худ буруз накардаанд, ки баҳсаш дар китоби ҷадидам, муфассал матраҳ хоҳад шуд.
Мусоҳиб Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО