“Толибон” хабари музокироти пинҳонӣ бо ҳукумати Афғонистонро рад кардаанд
Ҳаракати “Толибон” хабарҳо дар мавриди азсаргири музокироти пинҳонӣ бо ҳукумати Афғонистон дар Қатарро бепоя хондааст.
Забеҳулло Муҷоҳид, намояндаи “Толибон” гуфтааст, сиёсати ин гуруҳ бетағйир аст ва “намояндаҳои аморати исломӣ на бо раҳбарияти хадамоти вижа ва на бо кадом як мақомдори дигари афғон мулоқот накардаанд”.
Ба иттилои пойгоҳи хабарии AFP, яке аз шартҳои асосии “Толибон” барои асаргирии музокироти сулҳ бо ҳукумат, хоки Афғонистонро тарк намудани тамоми неруҳои хориҷӣ аст.
Қаблан, “Guardian” бо такя ба манобеаш дар ҳукумати Афғонистон ва ҷангиён хабар дод, ки дар Доҳа музокироти пинҳонии ҳукумат ва намояндаи “Толибон” азсаргирифта шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |