Бахшҳо

Ҷузъиёти боздошти “Мулло Рӯзиқул" ва "Қорӣ Фатҳиддин”: Таҷовуз дар ҳоли беҳушӣ ва талаби банд аз Сурия то Тоҷикистон (АКС)

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Дустмуродов Ризоқул Хушмуротович, сокини 56-солаи ноҳияи Шаҳринав хабар дод, ки ба ҳайси “мулло” дар қаллобӣ ва амалҳои хусусияти шаҳвонидошта муттаҳам мешавад.

Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Дустмуродов дар ягон донишкадаи исломӣ таълимоти динӣ нагирифта, ба гуфтаи худаш чанд муддат дар назди кадом домуллое сабақ гирифтааст: “Дар манзили зисти худ воқеъ дар ҷамоати Акрамалӣ Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав ба қасидахонӣ, ҷинбарорию таштобу туморнависӣ ва ба сеҳру ҷодугарӣ машғул шуда, мизоҷони ӯ бештар бонувон будаанд, ки оқибат мавриди истисмори шаҳвонӣ қарор гирифтаанд”.

ВКД саргузашти як зани сокини ноҳияи Шаҳринавро мисол овардааст, ки барои кушодани бахташ Мулло Ризоқул аз ӯ ашё ва пусти ҳар гуна ҳайвонҳои нодирро барои навиштани тумор талаб мекардааст: “Мулло Ризоқул шаҳрванд А.Г.-ро бо баҳонаи он ки гӯё дар вилояти Суғд шинос дорад, пусти оҳуро аз онҷо пайдо карда, барои кушоиши бахт тумор менависад, А.Г.-ро барои бо худ бурдан ба шаҳри Хуҷанд розӣ кардааст. Ҳамин тариқ А.Г.-ро ба меҳмонхонаи «Ленинобод» бурда, ба об ҳабҳои мадҳушкунандаро омехта намуда, ба ӯ қайтарма гуфта, нушонда, сипас ба номусаш дастдарозӣ кардааст”.

Манбаъ афзуд, мулло Ризоқул барои рӯйпуш кардани кирдорҳои бадахлоқонаи худ дигар илоҷе наёфта, ба писараш Дустмуродов Аскар дастур додааст, ки ҳамсарашро талоқ диҳад: “Акнун мулло Ризоқул ба писараш нафареро хостгорӣ кардааст, ки қаблан мавриди истисмори шаҳвонии худаш қарор дошт. Ӯ бе ягон шоҳид ва надонистани хутбаи никоҳи мусулмонӣ А.Г.-ро ба писараш Аскар Дустмуродов никоҳ карда, писарашро аз воқеияти ҳол огоҳ кардааст, ки гарчанде ин дар никоҳи ту бошад ҳам, вале ту бо А.Г. муносибати оиладорӣ накун. Мулло Ризоқул шаҳрванд А.Г.-ро ба писараш никоҳ карда бошад ҳам, вале муносибати разилонаю фосиқонаашро қатъ накарда, А.Г.-ро мавриди шиканҷаву озори шаҳвонӣ қарор медодаст”.

Тибқи иттилои Вазорати умури дохоилӣ Аскар Дустмуродов писари мулло Ризоқул ба амалҳои фосиқонаи падараш тоқат накарда, тарки Ватан карда, пас аз 8-моҳ тавассути телефон А.Г.-ро талоқ додааст.

Мақомот Ризоқулро инчунин дар он муттаҳам мекунанд, ки шаҳрванди дигар Саймиддинов Фатҳиддин Ҳусниддинович, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Ҳисорро миёни мардум ҳамчун муллое муаррифӣ кардааст, ки гӯё бо дуо ва истеъдоди беназири худ ба ҳама кор қодир аст: “Қорӣ Фатҳиддин аз ҷумла, бо миёнаравии Мулло Ризоқул шаҳрванд Саидмуродов Мурод, сокини ноҳияи Шаҳринавро ба доми худ афканда, ваъда додааст, ки бародарашро бо дуо аз давлати Сурия ба Тоҷикистон бармегардонад. Маблағҳое, ки Мурод Саидмуродов аз филиали бонки «Имон-интернешнл» дар ноҳияи Шаҳринав ба ивази гарав гирифта будааст, онҳоро мулло Ризоқул ба Қорӣ Фатҳиддин додааст”. Манбаъ афзуд, ки барои баргардондани бародари Саидмуродов муттаҳамон аз ӯ банди дарозиаш аз Сурия то Тоҷикистонро талаб кардаанд.

Ба иттилои мақомоти умури дохилӣ Қорӣ Фатҳиддин зимни бозпурсӣ шоҳидӣ додааст, он маблағҳоеро, ки бо роҳи фиреб аз шаҳрвандон ба даст меовард, барои бунёди манзили зисташ сарф кардааст.

ВКД боздоштшудаҳоро аъзои ҲНИТ муаррифӣ карда, афзудааст, ки ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии Қорӣ Фатҳиддин дар паҳлӯи китобҳои мазҳабӣ тумору таштоб, як адад сигорети тамғаи «Беломор» дарёфт шудааст, ки дар дохилаш бангдона будааст: “Айни замон, нисбати ин ду нафар аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Шаҳринав мутобиқи моддаҳои 247 қисми 3 ва 347 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд”.


Ҷузъиёти боздошти “Мулло Рӯзиқул" ва "Қорӣ Фатҳиддин”: Таҷовуз дар ҳоли беҳушӣ ва талаби банд аз Сурия то Тоҷикистон (АКС)

Ҷузъиёти боздошти “Мулло Рӯзиқул" ва "Қорӣ Фатҳиддин”: Таҷовуз дар ҳоли беҳушӣ ва талаби банд аз Сурия то Тоҷикистон (АКС)

Ҷузъиёти боздошти “Мулло Рӯзиқул" ва "Қорӣ Фатҳиддин”: Таҷовуз дар ҳоли беҳушӣ ва талаби банд аз Сурия то Тоҷикистон (АКС)

Ҷузъиёти боздошти “Мулло Рӯзиқул" ва "Қорӣ Фатҳиддин”: Таҷовуз дар ҳоли беҳушӣ ва талаби банд аз Сурия то Тоҷикистон (АКС)
Мӯҳр
Офарин ба кормандои амнят & ВКД!!! Давлати моро аз чунин терористон тоза мекунанд.
Видеош нестай? Мулохои хыдмон ай порноактиёрода зур се*с мекнан.))

Карим
чи хели азои ҲНИТ магар ҲНИТ Даи Тоҷикистон фаолият дорад? Ин ҳизб мань шудааст ку. Эьлон кардед ки ин ҳизб дигар нест боз аз куҷо пайдо шуд аьзои ҲНИ?

Номдор
Хама айб ба хамононе ки вориди хонахои хаминхел одамо мешаванд не айби мулову корию эшон камтар дигар корохоро пешгири кунед хомиёни азиз монанди дискулубу фохишахои сари рох меистодагиро

Бо бо тарики маводхои мадхуш кунандашон сар кардан ин бадбахто аз ин миллат чи мехоста бошан магар хохарону модарони ин мулохои бадбад дар ки кадом кишвари дигар ва ё саёраи дигар икомат дошта боанд

Боз сар шуд. Ин тоифахоро ё умрбод махкум кардан даркор, ё ахта !
То ба кай ба дини мубини ислом иснод меоранд

Рр
О магар ХНИТ хозир хам хаст?

Нодонак
Ман як чира аник медонум. И одамо ягонташ ба ислому муллову хнит иртибот надоран!

ггш
паронда шавад!!!!!!!!!!Мухочир,

Инҳо ҳама тӯҳмат ва таҳқири дини ислом аст. Наход фақат мулло зино кунад? Барои чӣ коргарони ҳукумат бо мансаб мағрур шуда бо духтарони ҷавон таҷовуз мекунанд онҳоро нашр намекунед?

Мухочир 1
Агар хами занако пеши хамихели одамо нараван хаму ба ном муллохо ай кичо хами харромира мекнан хмм? Хамаш айби занакохан дхтари беакл бдай нахо ть рози шави ки бо бигира бачашда бтата. Гунг бди дахан надошти ки ягончо мурочиат кни. Ё ки хта ай хаму мулло форида бд

Шахрванд
Ба мухтарам салом гапаша хакаша гуфтед .агар амният аз паси хар як рохбарон назорат кунанд 90% зашонро аз хонаи мулохо меёбанд.

Шухрат
Ана аъзоени ХНИТ бо чи корхо машгуланд.

Милиса
о наход хамин занак таваллуди гуфтаи Шумо бошад. У ба бибии солхурда монанд куууууууууууу.

Рахмат ба кормандони макомотхои кудрати агар пеши рахи хамин хел харомзодахоро хифзи хукук нагирад дикар ки мегирад. РАХМАТ барои пешгири.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)