Бо мақсади баргузории чорабиниҳои пешгирикунанда аз гардиши маводи нашъадор бо намозгузорон ва сокинони атрофи масҷиди ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Душанбе мулоқоти вижа доир гардид.
Мавзӯъи асосии мулоқот муҳокимаи масъалаҳои алоқаманд бо муомилоти ва вазъи маводи мухаддир дар кишвар, роҳҳои раҳоӣ аз бемории нашъамандӣ буд. Тавре ба «Озодагон» аз агентии назорат аз болои маводи нашъадори назди президент иттилоъ доданд, бо назардошти он ки дар Тоҷикистон дин дар ҷомеа нақши муҳим дорад, баргузории як чунин нишастҳо дар масҷиду ибодатгоҳҳо зарур аст: «Ҳарчанд худи намозгузорон медонанд, ки шариати исломӣ истеъмол, истеҳсол ва фурӯши маводи мухаддир ва дигар моддаҳои мадҳушкунандаро мамнӯъ эълон кардааст».
Ба қавли манбаъ, бо ҳамин мақсад ташкилкунандагони ин ҷамъомад аз ҳозирин дархост карданд, ки дар таблиғи тарзи ҳаёти солим ва солимии ахлоқ дар байни ҷавонон фаъол шаванд ва сари вақт ҳодисаҳои номатлубро ҷилавгирӣ намоянд.
Мӯҳр