АКС: Барфи аввал дар шимоли Тоҷикистон
Шоми дирӯз, 18 октябр дар бархе манотиқи шимоли Тоҷикистон барф борид.
Сокинони вилояти Суғд мегӯянд, барфи нахустин барои имсол дар шаҳру навоҳии Деваштич, Истаравшан ва водии Зарафшон рехтааст.
Қаблан, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз боду ҳавои номусоид дар қаламрави кишвар ҳушдор дода буд. Ба иттилои ин ниҳод, 18-19 октябр ҳарорати ҳаво 10-12 дараҷа паст шуда, борон ва шамоли сахт дар назар аст: “Дар баландкуҳҳо барф ва дар навоҳоии алоҳида борони сахт мешавад. Дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои куҳӣ ва доманакӯҳҳо хатари омадани сел мавҷуд аст.”
Кумита аз шаҳрвандону меҳмонони кишвар даъват намуд, ҳангоми корҳои саҳроӣ, чаронидани чорво ва ҳаракати нақлиёт эҳтиёткор бошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |