Имрўз, 28 ноябр таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, райиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шўрои МН баргузор гардид.
Дар нишасти мазкур масъалаи таъсис додани гурўҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи нави қонуни ҶТ «Дар бораи иҷора дар ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуд. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумон дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дода афзуд, аъзои Шўро ҳамчунин лоиҳаи қонун «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ»-ро муҳокима карданд. Номбурда гуфт, масъалаҳои дигаре, ки дар ҷаласаи Шўро мавриди муҳокима қарор гирифтанд, дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми МН МО, даъвати чорум ва лоиҳаи қарор «Дар бораи рўзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми палатаи поёнии парлумони кишвар буд.
Манбаъ афзуд, райисони кумитаҳои МН Маҳмадалӣ Ватанов, Олим Салимзода ва дигар аъзои Шўро зимни шарҳу тавзеҳи масъалаҳаи ба рўзнома воридшуда мақсад аз пешниҳоди онҳо ба Шўрои навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим даровардани раванди фаъолиятҳои марбут ба иҷора, муттаҳид кардани ташкилотҳои қарзӣ ва бартараф кардани номувофиқатӣ байни қонунҳои амалкунанда арзёбӣ карданд.
Мӯҳр