Gallup: Ҳомиёни сиёсати Русия аз ҳама зиёд дар Тоҷикистонанд
Пажуҳишгоҳи байналмилалии омӯзиши афкори омма Gallup бо нашри натиҷаҳои як назарпурсӣ гуфтааст, 87 дарсади пурсидашудагон дар Тоҷикистон аз сиёсати Русия пуштибонӣ кардаанд, ки баландтарин нишондод дар минтақа аст.
Дар ин назарпурсӣ аз ҳар кишвар ҳазор нафари болотар аз синни 15 ширкат кардаанд. Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманистон 86%, Қирғизистон 85% ва дар Қазоқистон 75 фоизи мардум аз Русия ҳимоят кардаанд.
Кишварҳои Финляндия бо 88 дарсад, Норвегия 85% ва Итолиё 84 фоиз аз сегонаи аввал мебошанд, ки ба Русия диди интиқодӣ доранд.
Дар Русия танҳо 1 фоизи пурсидашудагон амалҳои Амрикоро мусбат арзёбӣ кардаанд, ки дар тӯли даҳсолаи ахир бадтарин нишондиҳанда будааст. Бо ин ҳол Русия бо назари интиқодӣ нисбат ба Амрико дар мақоми аввал омадааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |