Бахшҳо

Ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон аз тағйирот дар “Озодагон”

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи равон бо имзои як қарори ҳукумат аз тағйири номи бархе маҳаллаҳои аҳолинишини Суғду Хатлон ҷонибдорӣ кардааст.

Тибқи қарори ҳукумат, вакилони вилояти Суғд пешниҳод кардаанд, ки номи шаҳрчаи Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов ба Меҳробод ва деҳаи Қарақчиқуми ҷамоати Лоҳутии шаҳри Конибодом ба Ҷаҳонзеб иваз карда шавад.

Инчунин вакилони вилояти Хатлон пешниҳод кардаанд, ҷамоати деҳоти “Арал”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба номи Қадриддин Ғиёсов, ҷамоати деҳоти “Сайёд”-и Шаҳритус ба ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов гузошта шавад. Дар баробари ин вакилони халқӣ хостаанд, номи бархе аз деҳоти ҷамоати “Озодагон”-и ноҳияи Панҷ низ тағйир ёбад: “Аз ҷумла номи деҳаи Бешқудуқи ҷамоати деҳоти “Озодагон” ба Навшод иваз карда шавад. Дар ноҳияи Панҷ инчунин номи деҳаи Хоҷа-қучқор ба Чорсу, Бурбулоқ ба Чашма, Тугаланг ба Чаманистон, Қирғиз ба Ҳамдилон ва номи Кулдимон ба Кулдоман иваз карда мешавад”.

Ҳукумати Тоҷикистон тағйироти мазкурро тасдиқ карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси Миллии кишвар пешниҳод кардааст.
Мӯҳр
Чахонзеб ????? Ё тавбаа. И чи ном аст бо ??? Наход озодагон аз чахонзеб хам пастар бошад ???
Пешниход мекунам,ки Пешвообод ё Шукронаобод номгузори-шавад!!!!

Офарин шумо ба гап нест як намуд сарлавха мондаед,ки дар хайрат мондам. Ман фикр кардам,ки гап дар бораи хабаргузории Озодагон меравад аммо гап дар бораи чамоати Озодагон будааст. Офарин ба шумо рузноманигорон

Озодагон хонандаатро фиреб мадех! барои чалби хонанда сарлавхаи дигаре наёфти. Корат хилофи конуни матбуот аст. Значит ту моро эхтиром намекуни!

Рустам
Сайёд чй бадй дошт, ки бо Талбак ивазаш мекунед?

Хой вакилони Чамоати Сайёди нохияи Шахритус калла доред, ё не. О Сайёд решаи таърихи ва шугли асосии сокинони шумо мебошад. касри фарханг ё ягон мактабро ба номи Талбак гузоред хуб мешавад!!!!!!!!!!!!

РОСТИН ш. Душанбе.
Дар мавриди номгузори мо бояд хеле эхтиёткор бошем. Гузаштагони мо хеч кадоме гулу гумрох ва нодон набуданд, ки аз хавою хавас ном гузоранд, балки онхо хамаги мушохидакору рамуздон ва гавхаршинос буданд. Ягон деха ё маконеро бесабабу бехуда номгузори намекарданд. Дар хар ном албатта сабабу алокамандиеро мечустанд.
Дигар ин ки ба чизхои майда чуйда эътибор надихем. Кулдимонро Кулдоман кардани мо чи маъно дорад? Ин хамон Кулдоман асту таъгир хурда, суфтаю мустахкам шудааст. Мардум инро ба зуди кабул намекунанд. Бехтар он аст ки ба номхое, ки мохияти таърихию илми доранд, даст нарасонем. Зеро бо ин амаламон метавонем, моияти таърихию илмии баъзе аз номхоро аз байн бубарем. Дар ёдам хаст, ки як деха Учкул ном дошт, онро ба Седара иваз карданд, вале аз ин таъгирот дах сол гузашта бошад хам, то хол ягон як кас хам онро Седара ном набурдааст. Метарсам, ки инхо хам чунин нашаванд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)