Алексей Миллер, раиси ширкати «Газпром», ки корҳои чоҳканиро дар чоҳи Сариқамиш ба ӯҳда дорад, қаблан захираи онро 60 – 80 миллиард метри мукааб арзёбӣ карда, афзуд, ки дар натиҷаи коркарди он Тоҷикистон тайи 50 сол пурра бо гази худӣ таъмин хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, чоҳи «Сариқамиш» бо чуқурии 6 ҳазору 500 метр дар ҳудуди ИДМ чуқуртарин хоҳад буд. Шарофиддинов, мегӯяд, ки ба умеди коркарди гази ватанӣ, хоҷагиҳои газӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон нигоҳдорӣ шуда истодаанд. Сарфи назар аз зараровар будани бисёре аз хоҷагиҳои газӣ мо ба кормандонашон маош дода истодаем, хароҷоташонро пӯшонда истодаем, то рӯзе гази худӣ коркард шавад ва фаъолияти онҳо худкифо гардад.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |