Баъди 23 соли зиндон: Ифтитоҳи парвандаи нав алайҳи Ёров
Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқшиноси маҳкумшуда ба 23 соли зиндон, парвандаи нав кушодааст.
Дар ин бора Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр имрӯз, 17-уми октябр ба “Озодагон” хабар дода, афзуд, “парванда аз рӯи ду моддаи нав боз шудааст, ки якеаш моддаи 356-и Кодекси ҷиноӣ мебошад. Моддаи дигарро ҳоло дақиқ намедонем. Ҳозир дар пайи дарёфти адвокат ҳастем”.
Ба иттилои манбаъ, парвандаи нав алайҳи Бузургмеҳр дар пайи баҳсаш бо айдоркунандаи давлатӣ, Рустам Тақдирзода, кушода шудааст. Бузургмеҳр зимни сухани ниҳоияш дар бораи Ҷамшед шеъри “Бародарам”-и Муъмин Қаноатро қироат кард ва айбдоркунандаи давлатӣ гуфт, дар бораи парвандаи худат суҳбат кун. Дар ҳамин ҳол миёни Бузургмеҳр ва айбдоркунанда баҳс ба миён омад ва ин парванда низ дар пайи он баҳс кушода шудааст”.
Моддаи 356 марбут ба “таҳдид ё зуроварӣ вобаста ба амалбарории адолати судӣ, таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ” буда, он ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ва ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо пешбинӣ кардааст.
Парвандаи нав дар ҳолест, ки Ёров бо ҳукми додгоҳ барои 23 сол равонаи зиндони низомаш пӯрзур шуда, амволи ӯ комилан мусодира мешавад. Ҳамчунин, баъди раҳоӣ 5 сол аз ҳаққи кор дар ташкилоту идораҳо маҳрум мегардад.
Бузургмеҳр Ёров бар пояи бандҳои 189 қисми 2 банди “г”, 247 қисми 2, 307 қисми 2, 307 қисми 1, 340 қисми 2, бандҳои “а”, “б”, “в” айбдор шуда, 6-уми октябр аз ҷониби Додгоҳи шаҳри Душанбе ба муҳлати 23 сол равонаи зиндон гашта буд.
Қаблан Бузургмеҳр Ёров дар номааш аз боздошт изҳор дошт, ки додситонии кулли Тоҷикистон нисбаташ ғаразҳои шахсӣ дорад ва ба парвандааш бархӯрди мунсифона сурат намегирад. Ёров иддаояшро бо он асоснок кардааст, ки гӯиё ҳангоми ташкили адвокатураи мустақил наздикони Юсуф Раҳмон рақиби ӯ будаанд. Аммо Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ба суоли “Озодагон”, ки “ба иддаои Бузургмеҳр Ёров прокурори генералии Тоҷикистон нисбати ӯ ғарази шахсӣ дорад. Шарҳи шумо чист ва оё қаблан Ёровро мешинохтед?” чунин посух дод: “Я его не знаю и знать не хочу. Он не тот человек которого я должень знать. Шумо фаҳмидед?”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |