Абдуллоҳ гуфт, ҷароҳати Абдулрашид Дустум амиқ нест...
Абдулрашид Дустум, муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон дар вилояти Форёби ин кишвар мавриди ҳамлаи мухолифони мусаллаҳ қарор гирифтааст.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи Афғонистон дар Шӯрои вазирон ба хабарнигорон гуфтааст, ин ҳамла дирӯз, 16 октябр сурат гирифта, ҷароҳати генерал Дустум амиқ нест ва вазъяти саломатиаш хуб аст. Ба гуфтаи Абдуллоҳ, “аз ин ки ҳодиса болои муовини аввали раёсати ҷумуҳурӣ ҳам сурат гирифт, аммо хушбахтона ҷароҳаташон камтар аст, хушҳолем”.
Бахши дарии “Садои Амрико” аз қавли манобеи худ навиштааст, дар ҳамлаи дирӯз 5 муҳофизи Дустум кушта шудаанд. Абдулрашид Дустум барои назорати амалиёт алайҳи “Толибон” ба вулусволии Ғурмоҷи вилояти Форёб рафта буд. Мақомоти ин вилоят гуфтаанд, генерал Дустум то замони тасарруфи дубораи вулусволии Ғурмоч ва берун сохтани “Толибон” аз вулусволии Қайсор дар вилояти Форёб боқӣ хоҳад монд ва амалиётро назорат хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |