Генерал Назарзода 7 мансабдори тобеяшро барканор кард
Генерал Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон раисони ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи ҳафт ноҳияи кишварро барканор кардааст.
Тавре аз дафтари матбуоти ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, бо дастури Назарзода сардори ситодҳои фавқулода дар Шуғнон, Дӯстӣ, Шамсиддин Шоҳин, Темурмалик, Балҷувон, Сангвор ва Фирдавсии пойтахт аз мақомашон барканор гардиданд.
Манбаъ далели барканории масъулини 7 ноҳияро дарёфти камбудӣ дар корашон гуфт: “Дар ситодҳо санҷиш гузаронида шуда, дар пайи санҷиш ва дарёфти камбудиҳо раҳбарон аз вазифаҳояшон сабукдӯш гардиданд”.
Генерал Рустам Назарзода инчунин барои баланд бардоштани сатҳи ташкиливу таълимӣ дар ситодҳо ва омодагиҳо ба зимистонгузаронӣ дастуру супоришҳо додааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |