Эълони рӯзи интихоботи президентии Туркманистон
Парлумони Туркманистон санаи интихобоботи президентӣ дар ин кишварро муайян кардааст.
Расонаҳои давлатии Туркманистон мегӯянд, парлумон бо як қарор дар “Бораи таъини интихоботҳои президентӣ” рӯзи интихоботи раёсатҷумҳуриро 12 феврали соли 2017 муайян кардааст.
Гуфта мешавад, бори аввал дар таърихи Туркманистон се ҳизб – демократӣ, саноатчиёну соҳибкорон ва аграрӣ дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок мекунад.
14 сентябри соли 2016 парлумони Туркманистон Қонуни асосии навро қабул кард, ки дар он муҳлати президентӣ аз 5 ба 7 дароз шуд.
Бори охир дар Туркманистон моҳи феврали соли 2012 интихоботи президентӣ баргузор шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |