Пулис: Ҳамлагар ба духтари Емеляненко симои славянӣ доштааст
Вазорати умури дохилии Русия изҳор доштааст, нафаре, ки духтари варзишгари маъруф Фёдор Емеляненкоро задааст, қафқозӣ набудааст.
Павел Милованов, сардори Раёсати пулиси Маскав дар суҳбат бо расонаҳои кишвараш гуфтааст, нафари ҳамлагар зоҳиран славянӣ буда, қаду синнаш миёна мебошад. Ӯ гуфтааст, ҳамлагар рӯйашро аз дастгоҳҳои назоратӣ пинҳон накардааст: “Аллакай навори дастгоҳҳо гирифта шуда, нафари муттаҳам боздошт хоҳад шуд”.
Духтари 16-солаи Емеляненко рӯзи 12 октябр ҳангоми бозгашт аз мактаб аз сӯи марди ношиносе мавриди ҳамла қарор гирифт. Вай аз ноҳияи қафаси сина зарба хӯрда ба бемористони интиқол ёфт. Ҳамла ба духтари Емеляненко дар ҳоле сурат гирифт, ки падараш Фёдор Емеляненко мусобиқаи бидуни қоида бо иштироки кӯдаконро, ки аз сӯи раисиҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров ташкил шуд, маҳкум кард.
Қодиров дар навбати худ латукӯби духтари Федор Емеляненкоро маҳкум карда, изҳори омодагӣ намуд, ки барои дарёфту муҷозоти муттаҳам дар ин ҷиноят мусоидат намояд.
Изҳороти марбутаи Қодиров дар сомонаи расмии ҳукумати Чеченистон нашр шудаст. Қодиров мегӯяд, нафарони дар ин ҷиноят дастдошта на танҳо барои латукӯб, балки барои амалҳои иғвоангез ва қасди барангехтани адовати миллӣ ба дасти қонун супурда шаванд.
Қадиров бовар дорад, ки ҳадаф аз даст задан ба ин амал танҳо расондани зарари ҷисмонӣ набудааст. “Ба эҳтимоли хеле қавӣ гуфтан мумкин аст, ки ҳадаф аз чунин кор таваҷҷуҳи мардумро ҷалб кардан буд”.
Қодиров дар хитоб ба мақомоти тафтишотӣ гуфтааст, ки дурбинҳо ҳар метри Маскавро назорат мекунанд ва имкони пайдо намудани гунаҳкор зиёд мебошад: “Мо ҳам дар ин замина кор мекунем ва омодаи мусоидати ҳаддиаксарӣ ҳастем. Муҷозоти муҷримон дақиқ, ҳассос ва мардум ҳам бояд аз он огоҳ бошанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |