Сафири Амрико дар Тоҷикистон: Маҷбурам, ки ҳамеша муҳофизҳоямро бо худам дошта бошам...
Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон дар як суҳбат бо нашрияи амрикоии “The Alexandria Times” аз вазъи амниятӣ, кору зиндагӣ ва табиати Тоҷикистон гуфтааст.
Бо ишора ба вазъияти амниятии Тоҷикистон сафир таъкид намудааст, сахтарин чиз барояш амният мебошад, “чун вазъи амниятӣ каме ғайри қобили пешгӯӣ аст”. Ба гуфтаи хонум Миллард, чунин авзоъ танҳо хоси Тоҷикистон набуда, “дар бисёре аз ҷойҳо чунин аст”. “Сафири Амрико як мақоми баланд аст ва ман маҷбурам, ки ҳамеша муҳофизҳоямро бо худам дошта бошам. Ман онҷо мошини шахсиямро намеронам ва ҳарҷое, ки меравам маъмулан чандто аз муҳофизонам бо ман ҳастанд”,-шарҳ додаст Элизабет Миллард.
Вай дар идомаи ин суҳбат гуфта, Сафорат муроқиби амнияти марз бо Афғонистон ва ҳаққи ҳокимият аст ва инчунин таъкид намуда: “Чолишҳое чун ифротгароӣ, бемории HIV ва тамоюл барои дидани демократияи бештар тавозуни зариф мехоҳанд”.
Сафири Амрико дар Тоҷикистон дар робита ба гуфтаҳои боло афзудааст: “Бояд аз дипломатия кор гирифт, ки бахше аз бозӣ аст. Фикр мекунам, хеле аз суҳбатҳои сахти мо ба таври хусусӣ сурат мегиранд ва пахш намешаванд. Инҷо эҳсоси мо дар миён нест. Суҳбат сари натиҷа ва гирифтани натиҷаи беҳтар аст. Роҳҳое вуҷуд доранд, ки мо метавонем бо тоҷикҳо корҳоеро анҷом диҳем, ки онҳо ҳам мехоҳанд. Баъзан суҳбатҳои хусусие сари баъзе аз чизҳо сурат мегиранд, ки мо фикр мекунем ниёз ба беҳтар шудан доранд”.
Ин дипломати амрикоӣ дар поёни суҳбати худ табиати Тоҷикистонро “фавқулода зебо” гуфта, онро тақрибан ба Швейтсария монанд кардааст: “Куҳҳои шигифтангези барфпӯш дорад. Ман дар рӯзҳои истироҳат куҳнавардӣ мекунам. Кишварест, ки дарёҳо ва пиряхҳои зиёд дорад, ки дар ҳолати об шудан ҳастанд”. Ба гуфтаи ӯ, рӯзҳои аввали ба Тоҷикистон омадан ҳамчунин дучори “шоки фарҳангӣ” шудааст.
Элизабет Миллард моҳи январи соли равон ҳамчун сафир вориди Душанбе шуд. Бино ба иттилои Сафорати Амрико дар Тоҷикистон хонум Миллард дипломати ҳирфаии Хадамоти дипломатии Амрико буда, дорои рутбаи баланди Мушовир-фиристода мебошад: “Ҳангоми адои вазифа дар Ҳиндустон ва ба ҳайси муовини роҳбари намояндагӣ дар Қазоқистон, ва адои чанд вазифа дар Шӯрои амнияти бехатарӣ, минҷумла ба ҳайси директор ва ёрдамчии махсуси Президент оид ба масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, таҷрибаи бой ва дониши кофӣ марбут ба ин манотиқ ба даст овардааст”.
Элизабет Миллард фаъолияти дипломатии хешро аз соли 1992 шурӯъ намуда, дар Касабланка, Копенгаген, Катманду, Прага фаъолият кардааст ва якчанд вазифаи дохили давлатиро низ бар дӯш доштааст: “Қабл аз фаъолияти дипломатиаш, Сафир Миллард ба ҳайси ҳамоҳангсози лоиҳаи Делфи Интернэшинал, мутахассиси лоиҳаи USAID дар Ню-Дели, корманди бонки “Континэнтел Иллинойс Нейшнл Бэнк энд Траст Компани” дар Манамаи Баҳрайн адои вазифа намудааст”.
Хонум Миллард соли 1978 соҳиби дараҷаи бакалаври илмҳои иқтисод аз Мактаби иқтисоди Лондон гашта, соли 1981 дараҷаи магистраро аз Мактаби тадқиқоти махсуси байналхалқии Донишгоҳи Ҷон Хопкинс соҳиб гаштааст. Барои фаъолитяи кориаш чанд маротиба соҳиби мукофотҳои Департаменти давлатии ИМА гардидааст. Ӯ ба забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ, шведӣ, даниягӣ ва каме бо забони рӯсӣ ҳарф мезанад.
Миллард дар мақоми сафири ИМА дар Душанбе Сюзан Эллиотт ро иваз кард, ки аз моҳи октбяри соли 2012 дар ин курсӣ менишаст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |