Даргузашти котиби масъули нашрияи “Минбари халқ”
Маъруфи Бобораҷаб, котиби масъули нашрияи “Минбари халқ” дар синни 57-солагӣ даргузашт.
Ҳамкорони марҳум ба “Озодагон” гуфтанд, ӯ шоми 14 октябр бар асари бемории фишорбаландӣ дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе аз олам даргузаштааст. Маросими видоъ бо ӯ соати 11:00-и имрӯз дар маҳалли зисташ – деҳаи Косибони ноҳияи Рӯдакӣ баргузор мешавад.
Маъруфи Бобораҷаб (Маъруфҷон Маҳмудов) 23 феврали соли 1959 дар шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Соли 1980 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Ленинобод (Хуҷанд)-ро хатм намуда, солҳои 1980-1981 дар мактаби миёнаи №12-и ноҳияи Қумсангир ва аз соли 1981 то соли 1996 дар мактабҳои миёнаи №9, 31 ва 6 ноҳияи Айнӣ ба ҳайси муаллим фаъолият кардааст. Соли 1996 директори мактаби миёнаи №38 ноҳияи Айнӣ таъин мешавад.
Соли 1999 ба шаҳри Душанбе, ба Институти такмили ихтисоси Вазорати маориф ба кор даъват мешавад. Ӯ дар Идораи барномаҳои иттилоотии Телевизиони Тоҷикистон ва ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ҳам кор кардааст. Аз соли 2007 ба ин сӯ корманди ҳафтаномаи “Минбари халқ” буд.
КОРМАНДОНИ ГУРУҲИ РАСОНАҲОИ “ОЗОДАГОН” БА НАЗДИКОНУ ПАЙВАНДОНИ МАЪРУФИ БОБОРАҶАБ ИЗҲОРИ ТАСЛИЯТ НАМУДА, БА ОНҲО САБРИ ҶАМИЛ МЕХОҲАНД.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |