Шаҳрдори Хуҷанд ба раҳбарони бозорҳо 10 рӯз муҳлат дод
Шариф Шарифзода, шаҳрдори Хуҷанд, барои бартараф намудани фурӯшгоҳҳои ғайриқонунӣ ба раҳбарони бозорҳо 10 рӯз муҳлат додааст.
Аз маъмурияти шаҳри Хуҷанд ба хабаргузории “Озодагон” гуфтанд, зимни як ҷаласа бо иштироки муовинон ва раҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, раҳбарони воҳидҳои сохтори мақомоти маҳаллӣ, нозироти андоз, прокуратура, шӯъбаи корҳои дохилӣ, бозорҳои шаҳр, кумитаи маҳаллаҳо 2 масъала -- таъмини иҷрои қонунгузории замин ва роҳҳои пешгири намудани ҳолатҳои худсарона ишғол намудани қитъаҳои заминe сохтмони худсарона ва вазъи иҷрои қарори раиси шаҳри Хуҷанд, аз 19 апрели соли 2006 “Оид ба манъ намудани фаъолияти бозорҳои номуташаккил” мавриди баррасӣ қарор гирифтааст: “Бо мақсади таҳкими корҳои фаҳмондадиҳӣ ва истифодаи самараноки замин аз ҷониби Идораи замин рейдҳои муштарак бо сохторҳои қудратӣ гузаронида шуда, барои пешгирии ҳолати қонуншиканӣ мавриди истифодаи замин чораҳои амалӣ андешида мешавад”.
Шаҳрдори Хуҷанд доир ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо раисони кумитаи маҳаллаҳо, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта мавриди ҷудо гаштани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар селроҳаҳо, пурзӯр намудани чораҳои бартараф намудани ишғоли худсаронаи замин ва ба ҳолати аввала баргардондани онҳо ба раиси Кумитаи идораи замин, нозирони минтақавӣ, раисони маҳаллаҳо, шӯъбаи шаҳрсозӣ ва меъморӣ дастуру супоришҳои мушаххас додааст. “Аз ҷумла, таъкид гардид, ки барои манъ намудани фаъолияти бозорҳои номуташаккил ва ба танзим даровардани тартиби фурўши маҳсулоти хўроквориро дар бозорҳои шаҳр чораандешӣ намояд”,- афзуд манбаъ.
Дар зимн, раҳбарони бозорҳои шаҳри Хуҷанд вазифадор карда шудаанд, ки фурӯшандагони дар гирду атрофи бозор, қади роҳҳо ҷойгирбударо ба дохили бозор дароварда, ба вазъи санитарию эпидемологӣ аҳамият диҳанд. Инчунин гуфта шудааст, ки ба ҳолатҳои худсарона сохтмони нуқтаҳои фурўши маҳсулот дар ҳудуди бозорҳо хотима дода шавад.
Манбаъ афзуд, дар ин ҷаласа гуфта шудааст, ки дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ, ки ба талаботи меъёрҳои санитарию-гигиенӣ ҷавобгӯ нест, ба фурӯш гузоштани маҳсулоти ширӣ, гӯштӣ ва полезӣ манъ карда шавад: “Барои риоя накардани меъёрҳои санитарию-гигиенӣ ва санитарию эпидемологӣ нисбат ба шахсони масъул парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сари вақт оғоз карда шавад”.
Ҳамчунин, ба масъулини бахши нақлиёт ва алоқа супориши қатъӣ дода шудааст, ки дар якҷоягӣ бо кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳаракати нақлиётро дар қади роҳҳои дохилишаҳрӣ, алалхусус гирду атрофи бозори “Панҷшанбе”, маҳаллаи 34, кӯчаи Шарқ, хиёбони Исмоили Сомонӣ ва дигар самтҳоро ба тартиб дароранд: “Дар охир, ба тамоми мутасаддиён супориш дода шуд, ки ба муҳлати 10 рӯз фурӯшгоҳхои ғайриқонунӣ ва савдои кӯчагиро барҳам дода, савдо ва фурӯши маҳсулотро танҳо дар дохили бозор ва мавзеъҳои муқарраргардида ба роҳ монанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |