Бахшҳо

Эълони номи милисаҳое, ки гӯиё аз сайёҳон пул хостаанд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон номи кормандони ин ниҳодро, ки аз ҷониби рӯзноманигорони қазоқ дар тамаъкорию нақзи низоми хидматӣ муттаҳам шуданд, номбар кард.

Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, шикояти рӯзноманигорони қазоқ дар мавриди он, ки гӯиё милисаҳои муҳофизи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ аз онҳо пул хостаанд, дар доираи лоиҳаи “Хабарнигори фаврӣ” таҳқиқ шуд: “Дар натиҷа, нисбати командири Взвод оид ба муҳофизати иншоотҳои давлатии ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ капитани милитсия Убайдов Искандар ҷазои интизомӣ дар намуди «Танбеҳ» татбиқ гардида, милитсионерони Взводи мазкур-командири шӯъбача прапоршики калони милитсия Гадоев Сафар ва сержанти калони милитсия Нормаҳмадов Авлиёқул аз сафи мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шуданд”.

Манбаъ гуфт, кормандони мазкур бо далели вайрон намудани интизоми хидматӣ аз кор ронда шуданд, аммо зимни бозпурсӣ онҳо тамаъкорӣ ва талаб кардани пул аз шаҳрвандони Қазоқистонро рад карданд.

Таҳқиқи рафтори милисаҳо тоҷик дар маркази Душанбе баъди навиштаи Бақитҷон Буқарбой, рӯзноманигори қазоқ сурат гирифт, ки аз пулталабии милисаҳои назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ шикоят кард. Ӯ амали кормандони милисаро, ки бо баҳонаи “имрӯз мавлуд дорам”, пул талаб кардаанд, ба “гадоӣ”-и ҷугиҳо монанд кардааст. Буқарбой навиштааст талабандагии кормандони милиса дар майдони марказии шаҳри Душанбе ӯ ва ҳамроҳонашро дар ҳолати “шок” гузоштааст.

Зери навиштаи Буқарбой дар саҳифааш тули се рӯз бештар аз 400 нафар лайк гузошта, 241 шарҳ навиштаанд. Бархе аз шарҳнависон навиштаи муаллифро тасдиқ карда, рафтори милисаро шармовар хондаанд. Иддаи дигари корбарон гуфтаанд, журналисти қазоқ муболиға карда, бо ғарази шахсӣ матлабро навиштааст.
Мӯҳр
саид
ягон милисаи точик пул намегира и казок хато кардагияи мумкин и казок хов пов дидаи.

Озор
Аз милисахои точик баъид аст барои амнияти мардум хизмат мекунем мегуянду вале хилофи конун кор мекунад

мехмон
Бакарбой аввал милисахои казокро бин ки чи хел аз точикон пулро бо зури мегиранд!Баъдан худат навиштаи ки милисахои точик талбидаанд на ин ки бо зури гирифтаанд!Байни гирифтан ва талбидан фаркият бисёр!!!

Аз ммлисаи фамиляааш Гадоев боз чиро интизор будед?)))

Кори нагз накардед, Гадоевро бояд кордор намешудед.

салом
Ин ҳақиқат дорад ё не. Лекин офарин ба рӯзноманигори Қазоқистон ки ҷуръат доранд ва менависанд ва мисли мо дар даҳон об гирифта ба боло нигоҳ намекунанд. Агар рӯзноманигорони мо фақат дар бораи бесоҳибон менависанд

Милисахои мо дар хама чо чунин рафтор доранд. Ба дари кадом муасиса надарои мумкин нест ва чунину чунон гуфта пул мепурсанд. Агар хеч нашуд аз он тараф гашти як дуо мегири да бад мегуянд. Дар хакикат холат чунин аст. Шуморашона кам кунеду маъошашона зиёд. Аз хисоби андоз, корупция, палатаи хисоб кам кунед шумораашонро ва маъоши милисаро зиёд. Охир дар чумхури сохибкор намонд ин кадар шумораи тафтишгарон барои ки лозим.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)