Бахшҳо

Муфтии Тоҷикистон: Ҳамҷинсгароӣ маблағгузорӣ мешавад

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҳафтаи дуюм аст, ки дар мавъизаи намози ҷумъа дар мавзӯи ҳамҷинсгароӣ суҳбат карда, мардумро аз оқибатҳои бади он огоҳ мекунад.

Муфтии Тоҷикистон имрӯз, 14- октябр дар суханронии қабл аз намози ҷумъа дар Масҷиди марказии Душанбе гуфт, давлатҳо ва ташкилотҳое ҳастанд, ки барои паҳн кардани падидаи номатлуби ҳамҷинсгароӣ маблағгузорӣ мекунанд. Ӯ таъкид намуд, "аммо моро зарур аст, инро бо роҳи насиҳату фаҳмондадиҳӣ пешгирӣ намоем. Бадбахтиву касофатие, ки дар ин кор ҳаст дар ягон кори дигар нест. Бинобар ҳамин аз чунин аъмоли бад бояд дурӣ ҷӯст”.

Абдулқодирзода ҳушдор дод, “ҳар нафаре, ки ба ин кор даст мезанад аз лаззатҳое, ки Худованд барои бандагонаш додааст, ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират маҳруму аз раҳмати Аллоҳ бенисиб хоҳад шуд”.

Ӯ тақдири қавми Лутро мисол оварда, илова кард: “Қавми Лут низ ба ҳамин кор дода шуда буданд, ки Худованд зеру забар, несту нобудашон кард. Аз онҳо ба ғайр аз таърихи бад дигар ҳеч чизе боқӣ намонд”.

Дар мавъизаи қабл аз намози ҷумъаи 7 октябр низ Сайидмукаррам Абдулқодирзода ба мавзӯи ҳамҷинсгароӣ дахл намуда, аз оқибатҳои нохушанди он ҳушдор дода буд.
Мӯҳр
Мурид
Бобои муфти хуб хабардор будаед ку!!

Офарин бобои муло! Гайрат карда хамин суханхоро мегуед... Баъзе гуфта САХА, Сафорати амрико ё Озодиро дар назар доред? Хаминашрохам аниктар мегуфтед домуло?

Мухтарам Абдулкодирзода Худованд умри Шумо барин муфтихои ошкоргуя дароз кунад. Барои чи дар бораи зинои баъзе мансабдорону бойбачахо чизе намегуед? Е метарсед. Охир хамин фохишахое,ки дар мо пайдо шудаанд инхоро ки фохиша кард. 2-3сум ба кисаашон,ки афтид духтаронро фирефта карда зино мекунанду ба куча сар метиянд ба мешава фохиша. Муфтии мухтарам барои чи дар бораи мениюпка гап намезанед!

Озодагон! " Оллоҳ" не, Аллоҳ нависед!!!

Номи Худоро дуруст навис Озодагон! Аллоҳ мешавад.

Хайронбек
Нафахмидм ин муфтияй е коргари амнияту млеса?

Салому алекум. Мутаъасифона имруз ҳамҷинсгароҳо дар кишвар ва ҷаҳон афзудааст.Бояд ин амали номатлубро пешгири кард.Бешубҳа ин як насл кушии ошкорост.Дар ҳаққи мо дуъогу бошед. Дилшод

офарин муфти баъзехо мегуянд ки муфти дар хама кор бетараф аст о мана вокуниш мнкунад-ку

Ватандуст
ин суханхои шумо ба баьзехо сахт расидаст бобои Кори
офарин

ali
Мцфти баъд аз конфронси САХА тачдиди назар кард ба чунин масъалахо.

антиараб
Бачабозии афгонистони исломиро ки маблаггузори мекарда бошад а? фиску фасод махз дар байни худи муллохо зиедтар аст? аз худи муфти пурсед ки чанд зан дорад? Магар бисерзани дар Точикистони дуняви манъ нест?

Самад
Когда они пришли за коммунистами, я молчал — я не был коммунистом.
Когда они пришли за социал-демократами, я молчал — я не был социал-демократом.
Когда они пришли за профсоюзными активистами, я молчал — я не был членом профсоюза.
Когда они пришли за мной — уже некому было заступиться за меня.
немецкий пастора Мартина Нимёллера


Бедил
Хуб мешуд, ки ба ин масала аз синни мактаби то болои ахамияти махсус медоданд, зеро сару садохо низ аз чунин падидаи номатлуб зиед ба гуш мерасад. Барои пешгири намудани ин амали зишт дар Сарконуни ЧТ модда ва бандхои ворид намоянд, ки тафтишти писару чавондухтарои мактаби барох монда шавад дар холати ошкор намудан чаримахои ва то махкум намуд аз озоди то мухлати муайян пешбтни карда шавад

l love islam
Худован шуморо хамеша нигахдор бошад мухтарам раиси уламо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)