Бахшҳо
13 окт 2016 16:34Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Парвандаи қатли маҳбуси тоҷик дар “исёни мусалмонон” ба суд ирсол шуд

Дар Хакасия парвандаи маҳбус, Тоҷиддин Сафарови 28-сола, яке аз ширкатдорони исёни 22-июл, ки маҳбуси эътирозгари дигар Сиёвуш Собиров, зодаи Тоҷикистонро кушта буд, ба суд ирсол шуд.

Тибқи иттилои мақомоти Русия 22 июли соли ҷорӣ дар муассисаи ислоҳии Хакасия маҳбусон даст ба исён заданд, ки дар расонаҳои русӣ бо номи “исёни мусалмонон” маъруф гардид. Гуруҳи маҳбусон, ки бештари онҳоро мусалмонон ташкил медоданд дар ин зиндон даст ба бетартибӣ зада, як қатор шартҳоро пеш гузошта буданд.

Вале музокираи маҳбусин бо маъмурияти зиндон муваффақона анҷом нагирифт ва соати 5-и субҳ гуруҳи таъиноти махсус ба исёнкунандаҳо ҳамла кард. Дар натиҷа шаш тан аз ташкилкунандаҳои исён ба ҳабс гирифта шудаанд. Баъзе аз ташкилкунандагон ва иштирокчиёни дигари исёнро ба боздоштгоҳи муваққатӣ ва қисми дигарро ба Бинои умумии махсус бурдаанд. Дар бинои умумии махсус яке аз исёнкунандагон, зодаи Тоҷикистон Сиёвуш Собирови 26-сола ба ҳалокат расида буд”.

Тафтишот муайян кардааст, ки Тоҷиддин Сафарови 28-сола дар хоначаи ҳавогирии Муассисаи ислоҳии федеролии № 33 Русия дар Ҷумҳурии Хакасия ҳамутоқии худро барои он, ки гӯиё ӯро суханҳои қабеҳу таҳқиркунанда гуфтааст ва ба шаъну шарафаш иснод овардааст, мавриди лату кӯб қарор медиҳад. Дар натиҷа Сафаров ба бисёре аз аъзои бадани Собиров зарари вазнин мерасонад, ки ба иқрори тафтишот боиси марги ӯ гардидаанд.

Хулосаи тафтишотро прокурори шаҳри Абкани Хакасия таъйид карда парвандаро барои баррасӣ ба суд ирсол намудааст, ки агар хулосаи тафтишот дар суд ба исбот бирасад Сафаровро 15-соли дигари маҳрум шудан аз озодӣ таҳдид мекунад.

Ба навиштаи расонаҳои русӣ дар ин қазия печидагиҳое зиёде вуҷуд дорад. Расонаҳои русӣ дар ин қазия аз таҷрибаи ба дасти “одамони худӣ” халос шудан аз нафарони дардисарсозро ёдоварӣ кардаанд.

Аз ҷумла онҳо навиштаанд, ки ашёе, ки бо он Сафаров Собировро лату кӯб намудааст аз куҷо пайдо шудаанд ва кӣ онҳоро ба ин ҳуҷрачаи ҳавохӯрӣ овардааст. Ба навиштаи баъзе аз расонаҳо ашёе, ки бо он Собиров лату кӯб шудааст “дубинка” будааст.

Дар ин қазия ҳамчунин нисбат ба яке аз ваколатдорони Калонаи ислоҳии 33 низ барои назорат накардани маҳбусон аз рӯйи моддаи “хунукназарӣ” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Расонаҳои русӣ навиштаанд, ки дар нисбат ба корманди колонияи ислоҳӣ танҳо ба далели назорат накардани маҳбусон парванда боз шудааст, вале дар мавриди ин ки кӣ ашёи лату кӯбро фароҳам кардааст, ҳарфе нест.

Ҳамчунин ба иттилои Раёсати тафтишотии Хакасия дар ин қазия инчунин ду иштирокдори дигари исён Ҳаётбек Юлдошев, ки соли 2014 барои се сол зиндонӣ шудааст ва Муҳаммаднақиб Абдураҳмонов (дар соли 2015 барои ду сол зиндон шудааст) боздошт шудаанд ва онҳо низ барои иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ гунаҳкор дониста мешаванд.

Ҳангоми сар задани исён расонаҳои русӣ хабар дода буданд, ки маҳбусини тоҷику қирғизу озарӣ барои намозгузорию сигоркашӣ даст ба он задаанд.
Ошӯбгарон он замон талаб карда буданд, ки дар ҳар замони барояшон мувофиқ намоз хонанд. Маҳбусон ҳамчунин хоста буданд, ки номашон дар либос навишта нашавад, тугмаи болоии либосҳоро набанданд ва дар ҷойҳои дилхоҳи худ сигор бикашанд.

Он замон гуфта мешуд, ки яке аз ташкилкунандагони ин ошӯб шаҳрванди Тоҷикистон будааст, вале ҳоло дар расонаҳои русӣ ҳарфе дар бораи ташкилкунандгони он нест.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)