Тибқи иттиллои хабарнигори маҳалии «Озодагон» санади мазкур сармоягузории лоиҳаи «Коркарди партови дурушти маишии шаҳри Хуҷанд» унвон мешавад ва дар зери он Раҷаббой Каримов, раиси феълии шаҳри Хуҷанд имзо гузоштааст.Гуфтанист, қаблан роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон ҷаноби Улф Хиндстром зимни ташрифаш ба шаҳри Хуҷанд, ки аввали ҳамин моҳ ба вуқӯъ пайваст, омодагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро дар мавриди дастгирии лоиҳаи пешниҳодшудаи коркарди партови дурушт изҳор дошта буд.
Тибқи ин санад барои коркарди партови дурушти маишӣ ва таҷдиди партовгоҳи мавҷудаи шаҳри Хуҷанд аз ҷониби БАТР дар ҳаҷми 5 миллион доллари амрикоӣ маблағ ҷудо мешавад, ки 2,5 миллион доллари онро маблағи грантӣ аз ҳисоби Хазинаи Саҳҳомии Махсуси Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ташкил медиҳад.
Лозим ба ёдоварист, ки партовгоҳи кунунии шаҳри Хуҷанд, ки дар масофаи 17 километр дур аз шаҳр воқеъст, чандин даҳсола инҷониб истифода мешавад ва имконияти ғунҷоишаш аз истифодаи тӯлонӣ ва торафт афзоишёбии ҳаҷми партов вақтҳои охир хеле маҳдуд гардидааст.Коркарди партови дурушти маишӣ натанҳо ба истифодаи дигарбораи он ба сифати сӯзишворӣ, фулузоти саноатӣ, пору ва ғайра имконият фароҳам оварда бори партовгоҳоро сабук мекунад, балки ба тозагии муҳити зист мусоидат менамояд.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |