Посух ба Кумитаи андоз: Тоҷирону коршиносон монеаҳоро номбар карданд
Кадом омилҳо дар Тоҷикистон монеи рушди соҳибкорӣ мешаванд? Дар пурсишномае, ки Кумитаи андоз ба соҳибкорон пешниҳод намудааст, саволи муҳиме ҳаст, ки дар торнамои Кумита ба ин шакл омадааст: Ба фикри Шумо барои рушди минбаъдаи соҳибкорӣ асосан кадом омилҳои халалрасон мавҷуданд? Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти мавзуъ хабарнигори “Озодагон” назари чанде аз коршиносонро дар ин робита пурсид. Ҳарчанд дар Тоҷикистон солҳо боз аз додани имтиёзҳо ба соҳибкорон ва рушди ин бахш сухан меравад, вале бархе таҳлилгарон иддао доранд, ки ҳоло дар кишвар омилҳое мавҷуданд, ки ба рушду инкишофи соҳибкорӣ халал мерсонанд.
Табаралӣ Ғаниев, профессор ва доктори улуми иқтисод, мегӯяд, яке аз омилҳои муҳиме, ки метавонад ба пешрафти бахши соҳибкорӣ халал расонад, дар сатҳи паст қарор доштани рушди неруи инсонӣ мебошад. Табаралӣ Ғаниев дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, яке аз сабабҳои рушд наёфтани соҳибкорӣ ин паст будани сатҳи касбии кормандони ин соҳа буда, дар сурати ба талаботи муосир ҷавобгуй гардидани касбияти соҳибкорон, самаранокӣ дар ин соҳа зиёд хоҳад шуд.
Аммо як соҳибкор, ки худро Абдураҳим муаррифӣ намуд, пешниҳод кард, ки барои бардоштани монеаҳои рушди соҳибкорӣ мақомоти андоз бояд ба санҷишҳои хадафмандонаву ҷаримабандиҳои мақсаднок хотима диҳанд. Ин ҳамсуҳбатамон иброз дошт, ки барои рушди соҳибкорӣ дар кишвар ширкатҳоро набояд ба худиву бегона ҷудо кунанд ва аз ҳама ширкатҳо, аз ҷумла ширкатҳои «худӣ» низ дар доираи қонун андоз ситонанд: “Алҳол на танҳо дар миқёси ИДМ, балки дар сатҳи байналхалқӣ низ Тоҷикистон дар радифи кишварҳое қарор дорад, ки андозсупорандагонаш баландтарин андозро месупоранд. Бояд сатҳи андозбандӣ поён оварда шуда, ба сатҳи андозбандии кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Қирғизистону Қазоқистон баробар карда шавад”.
Оқои Абдураҳим илова намуд, барои рушди ин соҳа ба муҳлати 5 сол бояд соҳибкорони хурду бузург аз санҷишҳои нақшавию ғайринақшавӣ озод карда шаванд. Ӯ мегуяд, ин амал метавонад дар вазъи буҳронӣ кори соҳибкоронро хеле сабук кунад ва аз муфлисшавӣ наҷот диҳад: “Ба кормандони мақомоти андоз дар хориҷ аз кишвар курсҳои бозомӯзии тарзи дурусти муносибат бо соҳибкорон ба роҳ монда шавад, то ин ки ҳамеша ҳангоми вохӯриҳо ва санҷишҳо миёни онҳо ҳамдигарфаҳмӣ ба вуҷуд ояд”.
Абдуманнон Шералиев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, бо чунин вазъе, ки ҳоло домангири соҳибкорон аст, гумон намекунад, ки дар чанд соли минбаъда соҳибкорӣ дар кишвар рушд кунад. Номбурда иброз дошт, соҳибкорӣ на танҳо дар ҳоли рукуд аст, балки ба хатар мувоҷеҳ шудааст: "Фирори бизнес аз кишвар, ки ду соли охир сахт шиддат гирифтааст ва агар қаблан асосан бизнеси калон ва гоҳе миёна мегурехт, алъон бизнеси хурд ҳам ба ин раванд пайвастааст. Хатари аз ҳам рехтани як низоми шаклгирифтаро ба миён овардааст”.
Абдуманнон Шералиев мавҷудияти фасоди саросариро яке аз омилҳои аслии халалрасон ба рушди соҳибкорӣ унвон намуда, қайд кард, ки фасод то ҳадде рушд кардааст, ки нигоҳи ҳамаи мақомот - сар аз ҳукуматҳои маҳаллӣ то кумитаи андозу даҳҳо мақоми тафтишкунандаи дигар, ба бизнес чун нигоҳи гург ба гӯсфандон аст: “ Бояд ҳарчӣ бештар думба аз ҳар гӯсфанд канда шавад”.
Ин таҳлилгари тоҷик андозҳои зиёд ва шумораи зиёди мақомҳои тафтишкунандаро низ аз омилҳое номбар кард, ки ба рушди бахши соҳибкорӣ дар кишвар халал мерсаонанд: “ Ҷуз ин ки худи ҳаҷми андоз зиёд аст, намудҳои он ҳам хеле зиёданд. Камтарин масрафе, ки як соҳибкор барои ин андозҳо дорад ин аст, ки бояд як муҳосиби иловагӣ дошта бошад, чӣ расад ба пардохти он чанд намуди андоз. Аз мақомоти давлатие, ки ба бизнес дахолат мекунанд, танҳо маорифу Кумитаи дин мондаанд, ки чунин ҳақро надоранд. Ин албатта шӯхӣ аст, вале масалан додситонӣ ва вазорати дохилаву (манзурам милисаҳо ҳастанд) кумитаи амният дар бизнес чӣ кор мекунанд? Ё сӯхторхомӯшкунҳо. Зараре, ки бизнес аз сӯхторхомӯшкунҳо мебинад садҳо маротиба бештар аз сӯхторҳоест, ки гӯиё ин ниҳод бо сар халонданаш ба ҳар тиҷорат ва ҳатто дӯкони газетафурӯшӣ пешгирӣ кардааст”.
Абдуманнон Шералиев мегӯяд, ғасби бизнесҳои муваффақ аз тарафи як гурӯҳ ва набудани боварӣ ба ояндаи неки безнес ҳам ҳоло мушкиле мебошад, ки таъсири худро ба соҳибкорӣ мерасонад. Ба қавли номбурда онҳое, ки аз ғасби бизнесҳои муваффақ, ки яке аз сабабҳои фирори бизнес аз кишвар шудааст, ҳанӯз фирор накардаанд, камтарин коре, ки мекунанд ин аст, ки кӯшиш мекунанд бизнесашон аз як сатҳи муайян боло наравад: “Худи ҳамин кифоя аст, ки соҳибкорӣ рушд накунад. Худи фирори бизнес зарарҳое дорад, ки дар ин матлаб ҷо намегиранд. Набудани дастгирии давлатӣ. Албатта даъвоҳои зиёд аз минбарро дар назар надорам. Аммо дастгирии давлатии бизнес, ки яке аз омилҳои асосии рушди он аст, дар кишвар тақрибан вуҷуд надорад”.
Бархе таҳлилгарон ва коршиносони масоили иқтисодӣ мегўянд, то замоне, ки омилҳое, ки монеи рушди соҳибкорӣ шудаанд, рафъ нагарданд, ташаккули бахши соҳибкорӣ душвор аст. Бояд зикр намуд, мушкилиҳо дар бахши соҳибкорӣ, андозбандиҳои барзиёд ва мавудияти дигар монеаҳо борҳо аз забони худи соҳибкорон низ садо додааст. Дар умум аксари соҳибкорону коршиносон бар ин назаранд, ки омилҳои асосии монеи рушди тиорат баландии меъёри андозҳо, тафтишоти бамавриду бемавриди мақомоти гуногун, баланд будани фоизҳои қарзҳои бонкӣ мебошанд. Ҳамчунин набудани судҳои мустақилро бархе аз коршиносон монеи рушди соҳибкорӣ мешуморанд. Ин коршиносон мегӯянд, тоҷирон ба судҳо бовар надоранд ва мутмаин нестанд, ки судҳо дар ҳолати зарурӣ боадолатона рафтор кунанд. Дар баробари ин бархе соҳибкорон мегўянд, ки дар Тоҷикистон бидуни пушту паноҳи қавӣ дар мақомоти болоӣ даст задан ба тиҷорати калон номумкин шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |